Санаи 9 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон, Форуми XIX зиёиёни эҷодкор ва олимони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кори худ оғоз намуд. Ин ҳамоиши бонуфуз бо ташаббуси Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида, тақрибан 200 нафар намояндагони соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, санъат ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишварҳои узви ИДМ-ро ба ҳам овард. Дар доираи форум масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои гуманитарӣ, рушди илм ва маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии ҷавонон «Содружество дебютов» баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки мудири озмоишгоҳи электроникаи квантии Институти физикаю техникаи ба номи академик С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Нематов Дилшод Давлатшоевич барои дастовардҳои назаррас дар фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ, саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо ин ҷоизаи бонуфуз сарфароз гардонида шуд.
Ҷоизаи байналмилалии ҷавонон «Содружество дебютов» аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ таъсис дода шуда, аз соли 2008 инҷониб ҳамасола ба намояндагони ҷавони боистеъдоди кишварҳои ИДМ, ки дар рушди илм, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, тақдим карда мешавад. Ин ҷоиза барои бисёре аз лауреатҳо ҳамчун марҳилаи муҳим дар рушди касбӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Дар суханронии худ Дилшод Нематов ба роҳбарият ва масъулини Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи олимони ҷавон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки маҳз иштирок дар барномаҳои байналмилалии илмӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва лоиҳаҳои муштарак барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди фаъолияти таҳқиқотии ӯ нақши муассир гузоштаанд. Ӯ инчунин зикр намуд, ки чунин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои илмии байни кишварҳои ИДМ ва омода намудани насли нави олимони рақобатпазир мусоидат менамоянд.
Дар ҳошияи форум вохӯриҳо ва мулоқотҳои судманд бо намояндагони Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ, роҳбарони муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва олимони маъруфи кишварҳои ҳамсоя баргузор гардиданд. Аз ҷумла, мулоқоти Дилшод Нематов бо директори Институти муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаии шаҳри Дубна академик Григорий Владимирович Трубников барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, рушди касбӣ ва муайян намудани самтҳои нави фаъолияти таҳқиқотӣ аҳамияти хос дошт. Ба андешаи ӯ, чунин вохӯриҳо имкониятҳои навро барои иштироки фаъолонаи олимони ҷавони тоҷик дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ фароҳам месозанд.
Қобили зикр аст, ки Форуми зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои ИДМ аз соли 2006 инҷониб ҳамчун яке аз бузургтарин минбарҳои гуманитарии фазои ИДМ баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаккули ташаббусҳои нави муштарак дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мусоидат менамояд.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи академик С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дилшод Нематовро бо ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, татбиқи таҳқиқоти навоварона ва фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.







