Home Uncategorized Рӯзи забон – эҳёи ҳуввияти миллӣ

Рӯзи забон – эҳёи ҳуввияти миллӣ

by usto


Дар рушди фарҳанг, ҳувият ва ҳамбастагии иҷтимоии ҳар миллат забони миллии ӯ нақши калидӣ дорад. Забони миллӣ на танҳо воситаи муоширати байни мардум, балки ҷавҳари ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ буда, таъриху тамаддуни миллатро инъикос мекунад. Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои забони миллӣ муттаҳиду ягона намудани мардум буда, василаи эҳсоси ҳамбастаги онҳо аст. Давлатҳое, ки забони миллии худро нигоҳ доштаанд, тавонистаанд истиқлолият ва тамаддуни худро муҳофизат кунанд.

            Забони порсӣ яке аз қадимтарин забонҳои Эронӣ буда, дар хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ ба гурӯҳи ҳинду эронӣ, шохаи эронӣ ва эронии ғарбӣ шомил аст. Он давраи дуру дарози таърихии рушду такомулро аз сар гузаронида, аз даврони Ҳахоманишиён, ки осори забони он давраро порсии бостонӣ меномем, ба замони ҳукумати Сосониён бо тобиши порсии миёна расидааст ва дар аҳди ислом бо таъсири ҷаҳони турку араб ба шакли забони порсии нав табдил ёфтааст.

            Тибқи омӯзишҳои таърихнигорон забони порсӣ ҳанӯз дар давраи Сосониён ба шарқи Эрон, аз ҷумла Хуросону минтақаҳои Тоҷикистони имрӯза кӯч карда, дар замони давлатдории Сомониён ба таври фарогир густариш ёфтааст. Бо сабаби паҳновар гардидан ва дар минтақаҳои гуногун тобишҳои фарқкунандаи лаҳҷавӣ, луғавӣ, фонетикӣ ва лексикӣ гирифтан, имрӯз онро дар Эрон форсӣ дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ меноманд.

            Пас аз давлати Сомониён гарчанде дар минтақа тӯли ҳазор сол қавмҳои турку муғул ҳукмрон буданд, забони порсӣ забони коркузории давлат, забони гуфтугӯи мардум буду, тамоми осори илмию фарҳангӣ бо ин забон навишта мешуд. Дар даврони ҳокимияти Шӯравӣ дастгоҳи марказии Ҳукумат сиёсати русикунонии ҷомеаро ба роҳ андохта буд, ки ин мавқеи забони тоҷикиро маҳдуд гардонид. Дар як муддати кӯтоҳ ин ба илму фарҳанги маҳаллӣ таъсири назаррас гузошта, ҳаракатҳои гаравидан ба забону фарҳанги русӣ ба миён омад. Дар ин давра забони русӣ як воситаи муҳими муошират дар соҳаҳои маъмуриятӣ, иқтисодӣ ва таълим гардиду забони тоҷикӣ дар идораю мактаб нақши худро то ҳаде аз даст дод. Дар ҷомеа тағйироти куллии иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, шаҳрҳои калони тоҷикзабон, аз ҷумла Самарқанд ва Бухоро ба марказҳои маъмурии Русия табдил ёфтанд. Ҷавонони болаёқат барои таҳсил ба Русия мерафтанд, адабиёти илмию фарҳангӣ асосан ба забони русӣ буд ва ин боиси боз ҳам бештар гаравидан ба фарҳанги русӣ мегашт.

            Аммо ҳувияти миллӣ ва фарҳангсолории халқи тоҷик боло гирифт, ки аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри XX дар гӯшаву канорҳои гуногуни мамлакат мардум ақидаҳои худро оид ба барқарор намудани мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Ҷунбишҳои халқӣ мунтазам талаб менамуданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери таъсири ин гуна ҳаракатҳо 22 июли соли 1989 Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ” қабул гардид, ки он яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ буда, боз ҳам аз доштани ҳисси баланди миллӣ, эҳтиром гузоштани мардуми тоҷик ба забони модарию фарҳангу тамаддуни худ шаҳодат дод.

            Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд, ки он 5 октябри соли 2009, пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми амал гирифт ва аз ҳамон вақт ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба забони модарӣ, фасоҳату бузургиву нерумандии он арҷгузорӣ намуда, гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”

            Забони тоҷикӣ пояи эътимоду иттифоқу ҳамбастагии мардум аст. Забони тоҷикӣ такягоҳи ҳувияти тоҷикони ҷаҳон буда, забони такаллуми бузургони маъруф мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ, мебошад.

            Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашнвораи арҷгузорию гиромидошт ба забони модарӣ рамзи эҳтиром ба фарҳангӣ пурғановат, илму адабиёти мардуми тоҷик ва таҷассумкунандаи ҳувияти миллию якпорчагии мардум мебошад. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, конфронсҳо, вохӯриҳо бо адибон ва олимон, инчунин мусобиқаҳои шеърхонӣ ва қироати асарҳои адабӣ баргузор мегарданд. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои рушди забон, балки барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва шинос кардани онҳо бо осори адабии классикон ва муосирон нақши муҳим доранд.

            Пешвои муаззами миллат дар рушди забони давлатӣ, ҳифзи он ҳамчун як рукни муҳим ва ифтихори миллӣ нақши калидӣ дорад. Роҳбари кишвар забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллиро яке аз асосҳои худшиносии миллӣ шуморида, барои ҳифз, густариш ва истифодаи расмии забони давлатӣ саъю кӯшишҳои зиёд анҷом додааст. Яке аз иқдомоти Пешвои муаззами миллат роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар аст.

            Роҳбари давлат ҳамеша ба рушди таълими забони тоҷикӣ ва таҳияи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ, рушди адабиёти тоҷикӣ ва тарғиби осори адибони классик, баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳо ва симпозиумҳо бахшида ба забони тоҷикӣ таъкид менамоянд, ки ин иқдомҳояшон барои густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар байни ҷавонон ва ҷомеа нақши муҳим доранд. Президенти кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи худро пайдо кунад. Дар суханрониҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамеша таъкид менамоянд, ки забони тоҷикӣ дорои таърихи тӯлонӣ ва фарҳанги ғанӣ аст ва онро бояд ҳамчун як унсури муҳими мероси ҷаҳонӣ эътироф кард.

            Боиси хушнудию фараҳмандӣ аст, ки дар ин рӯз Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор низ таҷлил мегарад. Нақши омӯзгор дар рушду нумӯъ ва таълими забони модарӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Омӯзгор яке аз сутунҳои асосии ҷомеа маҳсуб гардида, насли ҷавонро тарбия мекунад, ба онҳо дониш, арзишҳои маънавӣ ва малакаҳои ҳаётӣ меомӯзонад. Омӯзгор дар ташаккули шахсият, худшиносӣ, рушди зеҳнӣ ва иҷтимоии насли оянда саҳми беандоза дорад. Омӯзгор аст, ки бо сабру таҳаммул ва меҳру муҳаббати беандоза кӯдаконро на танҳо дарси фаннӣ медиҳад, балки ба онҳо дарси ҳаёту ахлоқро низ меомӯзонад.

            Тамоми мардуми кишваррро аз самими қалб бо ин Рӯзи саид, ҷашнвораҳои меросии мардуми шарафманд табрику таҳният гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҳаёту фаъолияташон барору комёбиҳо орзумандам.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.

This image has an empty alt attribute; its file name is a3ea5634-e12b-4d82-a77f-5bdaa24d10fb-1-1024x1024.jpeg
0 comment

Related Articles