Ҳамасола санаи 14 апрел дар кишвар Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад ва вобаста ба ин махсусан дар муассисаҳои илмӣ ва таълими кишвар чорабиниҳои васеи илмӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд. Дар ҷаҳони муосир, ки рушди иқтисодӣ ва нуфузи стратегии кишварҳо маҳз дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти муосири илмӣ бештар вобастаанд, рушди илм ҳаммаънои рушди кишварҳо гаштааст.
Дар ин радиф қайд намудан мумкин аст, ки ҳоло дар ҷаҳони имрӯза яке аз самтҳои бениҳоят тавоно ва бунёдии илми муосир – технологияҳо ва ҳисобкуниҳои квантӣ мебошанд, ки на тавассути услубҳои классикӣ, балки дар асоси равандҳои физикаи квантӣ кор карда баромада мешаванд. Зеро аксарияти кашфиётҳо ва коркардҳои инноватсионии назарраси даҳсолаҳои охир маҳз дар асоси технологияҳои квантӣ амалӣ гашта, ҳаёти инсониятро ба таври куллӣ тағйир додаанд.
Бо дарки ин далелҳои объективӣ санаи 14 апрели соли ҷорӣ аввалин ҷаласаи умумиҷаҳонии олимони ташаббускори соҳаи физикаи квантӣ баҳри таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ (World Quantum Day – https://worldquantumday.org) тариқи онлайн-конференсия баргузор гардид (Расми 1). Дар ҷаласаи маҷозии мазкур намояндагони зиёда аз 65 кишварҳои ҷаҳон иштирок карданд. Бо пешниҳоди бархе аз олимони хориҷӣ ва дастгирии кумитаи тадорукоти ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин чорабинӣ ширкат намуд.
Рамзӣ аст, ки санаи интихобшудаи Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ – 14 апрел ба Рӯзи илми тоҷик мувофиқ омадааст ва вақте кумитаи тадорукоти чорабинии мазкур аз ин мувофиқати нодир огоҳ гаштанд, хеле қаноатманд буданд. Зеро интихоби санаи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ дар байни олимон – физикдонҳои ҷаҳон баҳсҳои зиёдро ба миён оварда буд ва ба Рӯзи илми яке аз кишварҳои ҷаҳон мувофиқ омадани санаи интихобшуда боз як далели интихоби дурусти санаи мазкур гардид. Бояд зикр намоем, ки аслан, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти чорабинии мазкур интихоб шудани санаи 14 апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ ба рақамҳои аввалини доимии асосии назарияи квантӣ – доими Планк вобаста аст. Зеро чӣ тавре, ки маълум аст доимии Планк адад (коэффитсент)-е мебошад, ки бузургии энергияи кванти афканишоти электромагнитиро бо зудии он алоқаманд менамояд ва дар воҳиди “электронволт · сония” чунин намуд дорад:
Ҳамчунин зиёда аз 90 сол қабл маҳз санаи 14 апрел, соли 1928 аз ҷониби асосгузори назарияи квантии атом Нилс Хенрик Давид Бор, ҷоизадори мукофоти Нобелӣ аз физика (соли 1922, барои “хизмати шоиста дар таҳқиқи сохтори атом”) аввалин маротиба мақолаи илмӣ таҳти унвони “Постулати квантӣ ва рушди муосири назарияи атом” (The Quantum Postulate and the Recent Development of Atomic Theory) ба нашр расидааст.
Вале албатта, диққати махсус додани ҷомеаи олимони физикдони ҷаҳон нисбати назарияи квантӣ асосҳои зиёд дорад, махсусан дар замони муосир, ки аз асри гузашта бо татбиқи бесобиқаи технологияҳои квантӣ фарқ мекунад.
Аслан гирем, ҷаҳони объективӣ аз иттилооти квантӣ иборат аст, вале мо онро ҳамчун иттилооти классикӣ қабул менамоем. Мазмун дар он аст, ки равандҳои бунёдии олами объективӣ аслан дар миқёсҳои хеле хурд ҷорӣ мешаванд ва сабабу сарчашмаи қонуниятҳои макроолам мебошанд. Барои мавҷудоти зиндаи Замин, аз ҷумла инсон бевосита мушоҳида намудани ин равандҳо имконнопазир аст, зеро инсон дар таърихи таҳаввули хеш бештар барои коркарди иттилооти классикии макроолам мутобиқ шудааст.
Аввалин кашфиётҳои квантӣ, ки моҳияти асосии физикаи нимаи якуми асри ХХ-ро муайян намуданд ба кор карда баромадани лазерҳо, транзисторҳо, технологияи ядроӣ ва баъдан алоқаи мобилии телефонӣ ва интернет оварда расониданд. Яъне рушди бефосилаи технологияҳои квантии нимаи якуми асри ХХ ҳоло амалан дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ истифода мешаванд – дар компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, планшетҳо, кулли таҷҳизотҳои рақамӣ, системаҳои алоқа, лампаҳои нуридиодӣ, МРТ-сканерҳо, микроскопҳои сканеркунандаи нақбӣ ва дигар таҷҳизотҳои муосир. Дар асоси ин технологияҳо ва таҷҳизотҳо қонуниятҳои идоракунии падидаҳои квантӣ мехобанд, ки таъсироти мутақобилаи сели зарраҳо, майдонҳо ва муҳитҳои гуногунро ифода менамоянд.
Рушди технологияҳои инноватсионӣ дар асри XXI имконияти татбиқи технологияҳои квантиро дар соҳаи тиб низ васеъ намуд. Яке аз ин самтҳо – радиотерапия мебошад, ки барои табобати бемории саратон истифода мешавад. Нурҳои радиатсионӣ барои нобуд кардани хуҷайраҳои саратон ё ҳадди аққал манъ намудани афзоиши онҳо истифода мешаванд. Технологияи мазкур хеле мураккаб буда, масъалаи асосии он – ба сатҳи камтарин фаровардани эҳтимолияти ҷароҳат дидани хуҷайраҳои солим мебошад. Дар забони илмӣ ин масъала бо садҳо ва ҳазорҳо тағйирёбанда мебошад, ки таҳлили онҳо танҳо тариқи ҳисобкуниҳои квантӣ имконпазир мебошад. Ҳамчунин ҳисобкуниҳои квантӣ барои таҳлили таъсири маводҳои доруворӣ тариқи моделсозии таъсироти мураккаби мутақобилаи молекулавӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Ин имкониятҳо барои таҳқиқоти тиббӣ ва кашфи маводҳои дорувории самаранок ва пурра бехатар аҳамияти бениҳоят муҳим доранд. Онлайн-ҷаласаи Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ, ки санаи 14 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, аввалин сарҷамъии олимони соҳаи физикаи квантӣ дар чунин чаҳорчӯба буда, дар ҷаласа бештар масъалаҳо вобаста ба рушди соҳа дар кулли кишварҳои ҷаҳон баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, санаи 14 апрели соли 2022 баргузори ҷаласаи васеи ҷаҳонии “Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ” ба нақша гирифта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби яке аз олимони шинохтаи соҳа профессор А.Аспект аз Донишгоҳи Париж-Сакле баромади илмӣ таҳти унвони “Аз Эйнштейн то Уилер: табиати мавҷию заррагии фотони алоҳида” шунида ва баррасӣ гардид (Расми 2).
Умедвор ҳастем, ки новобаста аз маҳдудиятҳои муваққатии пандемӣ алоқаҳои илмии олимону мутахассисони байналмилалӣ ва олимони кишвар баҳри рушди илмҳои бунёдӣ ва муосир, аз ҷумла физика рӯз аз рӯз бештар ва қавӣ мегардад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо динамикаи махсусан бошитоби равандҳояш фарқ мекунад, инсоният пайваста бо имтиҳону санҷиши устувории донишу малакаи хеш дучор мегардад, аз қабили пешгирии тағйирёбии манфии иқлим, ба роҳ мондани истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (энергетикаи сабз), истеҳсолу парвариши ғизои солим, дарёфти роҳу усулҳои табобати бемориҳо, аз ҷумла бартараф намудани имконияти пайдоиши бемориҳои пандемӣ ва ғ. Калиди ҳалли ин масъалаҳои мубрам ва имтиҳонҳои ояндаи табиат, инсониятро ки ҳамчун ҷавшани муътамад ҳимоя карда метавонад – бешубҳа илм мебошад, махсусан таҳқиқот дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва бурришу ҳосилаи онҳо. Зеро таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки илмҳои мазкур ҳамчун асоси дастовардҳои инноватсионии кишварҳои ҷаҳон ва баланд баровардани некӯаҳволии шаҳрвандони онҳо мунтазам мавқеи марказӣ ва аслии хешро ишғол намуда истодаанд.
Вобаста ба ин, боиси қаноатмандии мо мебошад, ки ҳанӯз интиҳои соли 2019 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуданд. Ҳамчунин ибтидои соли ҷорӣ аввалин маротиба, аз ҷониби Сарвари кишвар эълон шудани баргузории ҳамасолаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар кушодани роҳҳо ва имкониятҳои нави раванди камолоти насли наврас дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва ҳам ба омодаву рақобатпазир ва боз ҳам баланд шудани сатҳи фарҳанги техникии шаҳрвандони кишвар нисбати динамикаи ҷаҳони имрӯза такон хоҳад бахшид.
Миллати моро ҷаҳони имрӯза ҳамчун насли олимони тамаддунофар мешиносанд. Барои тасдиқ намудани потенсиали бузурги аҷдодии мо, ҳаматарафа кӯшиш намудан нисбати яке аз анъанаҳои бебаҳои аҷдодони мо – дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани раванди донишандӯзӣ басо муҳим аст.
Технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки бо такя ба услубҳои инноватсионӣ, доимо омӯхтану пайваст будан ба ҷомеаи ва чорабиниҳои умумиҷаҳонии илмӣ ва бо ин тарз кушодани роҳ ба илми ҷаҳонӣ ва ҷаҳонро аз дастоварду имкониятҳои хеш огоҳ кардан яке аз роҳҳои баланд баровардани нуфузи илмии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳоло ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва алоқамандии ҳар қадар бештару самараноки дастовардҳои илмӣ бо истеҳсолот нисбати як қатор лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолият бурда истодаанд. Умедвор ҳастем, ки онҳоро бо дастуру роҳнамоии Ҳукумат ва Сарвари кишвар амалӣ намуда, дар раванди муаррифии миллати олим ва тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён саҳмгузор бошем.