Санаи 23.06.2022 роҳбари илмии комплексии таҳқиқотии Институти марказии аэрогидродинамикаи ба номи Е.Жуковскии Федератсияи Россия, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Россия, олими шинохта дар соҳаи аэродинамика Чернышёв Сергей Леонидович ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард.
Дар рафти сафари хизматӣ номбурда аз номи Институти марказии аэрогидродинамикаи ба номи Е.Жуковский бо роҳбарияти Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ мулоқот намуда якчанд самтҳои ҳамкории илмӣ-техникиро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар семинари илмии ИФТ ба номи С.У. Умаров, ки дар толори маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ нимаи дуюми санаи 23.06.2022 баргузор гардид, академик С.Л. Чернышев дар мавзӯи “Муаммоҳои технологии эҷоди насли нави ҳавопаймоҳои фавқулсадоӣ” баромад намуданд. Академик С.Л. Чернышевро дар Раёсати АМИТ, ноиби президенти АМИТ, д.и.ф.м., узви вобастаи АМИТ, профессор Г.И.Қоҳирова қабул намуда, семинари илмиро оғоз бахшиданд. Дар баромади худ академик С.Л. Чернышев оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти Институти марказии аэрогидродинамика, ки коҳиши муқовимат (тарҳҳои ғайримуқаррарӣ, назорати ҷараён), консепсияҳои нави ҳавопаймоҳо – ҳавопаймоҳои фавқулсадои шаҳрвандӣ, сузишвории нав, ҳавопаймои гибридӣ/электрикӣ, парвози траекторияҳои нав (4D), маводҳо ва конструксияҳои нав ва ғ. маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Дар семинар ҳамчунин физикдонҳо аз Институти астрофизикаи АМИТ, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии назди АМИТ, намояндагии Донишгоҳҳои давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ва Институти энергетикии Москва дар ш.Душанбе иштирок намуданд.
Қайд намудан бомаврид аст, ки Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи профессор Н. Жуковский яке аз калонтарин марказҳои илми авиатсионии ҷаҳон мебошад. Институти мазкур бори аввал дар амалия таҳқиқоти фундаменталии илмӣ, таҳқиқоти амалӣ, кор карда баромадани конструксияҳо, истеҳсол ва озмоиши тайёраҳои таҷрибавиро муттаҳид намудааст. Пешбинӣ мешавад, ки дар асоси мулоқоти доиргардида, дар ояндаи наздик ба ИФТ ба номи С.У.Умаров ҳайати васеи намояндагии Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи профессор Н. Жуковский ташриф оварда ба таври муфассал равандҳои ҳамкорӣ дар самтҳои моделсозии равандҳои атмосферӣ, акустикаи физикӣ, коркарди моделҳои назариявии маводҳои композитисионӣ ва коромӯзии олимони ҷавонро баррасӣ менамоянд.