Дар тӯли даҳсолаҳои охир таҳқиқ, коркард ва истифодаи маводи нави функсионалӣ тадриҷан дар рушди технология ва рушди иқтисодии ҷомеаи муосир нақши муҳимро ишғол карда истодааст. Татбиқи маводи нави сохтории нано-композитӣ боиси рушди бесобиқаи як қатор соҳаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба монанди электроника, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёти автомобилӣ ва аэрокосмосӣ, биотиббӣ, захираи энергия ва нанотехнология гардид.
Дар асоси ин, дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тайёр кардани кадрҳои ҷавон дар соҳаи таҳқиқ ва коркарди маводи функсионалии нанокомпозитӣ аз соли 2019 инҷониб дар ин самт корҳои илмӣ-ташкилотӣ анҷом дода мешавад. Аз ин ҷумла, семинару мубоҳисаҳои илмӣ мунтазам гузаронида шуда, аз рӯйи масъалаҳои ҳисобҳои квантию механикии сохтори электронии маводҳои нав дар доираи назарияҳои илмию амалии муосир (функсионали зичӣ) таҳқиқоти илмӣ-амалӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, 04 апрели соли 2023 аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷаи кори як гурӯҳи муҳаққиқони ҷавони сектори физикаи назариявии шӯъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи институт дар семинари илмӣ таҳти мавзуи «Сохтори энергияи электронии оксидхои нанокристаллии бо ионҳои Mn4+ омехташуда» баррасӣ гардид. Қайд менамоем, ки маводи нанокристаллии бо атомҳои “бегона” омехташуда дорои хосиятҳои васеи функсионалӣ мебошанд. Маводҳои нанокристаллӣ бо ионҳои Mn4+ омехташуда дар истеҳсоли технологияи диодҳои рушноӣ ҳамчун люминофорҳои сурх барои тавлиди нури сафед истифода мешаванд. Дар айни замон, маҳз диодҳои рушноӣ, ки нури сафедро ихроҷ мекунанд, дар дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда бештар талабот доранд.
Тадқиқот бо дастгирии лоиҳаи тадқиқотии буҷети давлатӣ (№ 0119TJ00994, барои солҳои 2019-2023), инчунин лоиҳаи таҳқиқотии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (грант № TJ-2726) гузаронида шудааст.
Лаҳзаҳо аз ҷараёни семинари илмии институт аз санаи 04.04.2023