СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ
“Таҳқиқи наносистемаҳои нав ва наносохторҳои унсурҳои офтобии перовскитӣ”
(Душанбе, ИФТ – 30.03.2023)
Бо афзоиши босуръати партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, таҳияи технологияҳои алтернативии энергетикии камхарҷ ва баргардонидани раванди тағйирёбии афзояндаи иқлим зарур аст, зеро мушкилоти глобалии экологӣ аз сабаби ифлосшавии ҷиддӣ, бахусус ифлоскунандаҳои органикӣ мураккаб шуда истодааст. Ҳалли умедбахши мушкилоти таназзули моддаҳои ифлоскунанда истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия мебошад. Аз ҷумла, манбаъҳои алтернативӣ, аз қабили турбинаҳои шамол, табдилдиҳандаи намӣ ба нерӯи барқ, табдилдиҳандаҳои фотоэлектрикӣ (лавҳаҳои офтобӣ), табдилдиҳандаҳои термофотоэлектрикӣ ва ғайра ба сифати ҳаво таъсири мусбӣ доранд, вале маводҳои дорои хосиятҳои оптималии барои ин масъалаи мубрам на ба ҳама дастрас мебошанд. Маълум аст, ки кариб 40 фоизи газхои гулхонай дар натиҷаи истеҳсоли кувваи электрикӣ ба атмосфера хориҷ мешаванд. Аз ҷониби дигар, имрӯз 80%-и нерӯи барқи ҷаҳон аз сӯзишвории истихроҷшуда (нафт, ангишт, газ) тавлид мешавад ва бар замми ифлосшавӣ ин навъҳои манбаъи табиӣ мунтазам кам шуда истодаанд. Талаботи ҷаҳонӣ ба нерӯи барқ нисбат ба суръати коркарҳо дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бештар афзуда истодааст, ки боиси зиёдшавии назарраси тавлиди энергия аз ҳисоби сӯзишвории истихроҷшаванда мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ рушди манбаъи алтернативии барқароршавандаи энергия буда, имкони тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар заминаи талаботи пешбинишудаи ҷаҳонии нерӯи барқ ва стратегияи энергияи сабзи асри XXI дида баромада мешавад. Рушди соҳаи фотоволтаика ҳамчун яке аз меҳвари асосии манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия, ки аз манбаъҳои сӯзишвории табииро истифода намебарад, ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст, ки дар сатҳи созишномаҳои байнидавлатӣ дастгирӣ карда мешавад.
Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста семинарҳои илмӣ доир ба дастовардҳои ҷорӣ ва баррасии онҳо баргузор мешаванд. Аз ҷумла, санаи 30 марти соли 2023 семинари илмӣ дар мавзуи “Таҳқиқи наносистемаҳои нав ва наносохторҳои унсурҳои офтобии перовскитӣ” дар чаҳорчӯбаи таҳқиқоти фаъолияти илмии олимони ҷавони институт н.и.т. Д.Д.Нематов ва н.и.т. А.С.Бурҳонзода доир гардид. Мавзӯи мазкур яке аз равандҳои таҳқиқоти илмии сектори физикаи назариявии шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи институтро ташкил дода, ба омӯзиши назариявӣ ва пешгӯии хосиятҳое, ки барои синтези перовскитҳо бо допинги сохторӣ барои ба даст овардани маводҳои дорои хосиятҳои оптималӣ, инчунин пешаки муайяншуда ва барномавӣ пешниҳод шудаанд бахшида шудааст. Татбиқи ин технология ба коркарди лавҳаҳои насли нави офтобӣ, ки ба шароит ва иқлими Тоҷикистон мувофиқ аст, инчунин ба тиҷоратикунонии маводҳои ба осонӣ танзимшаванда дар асоси тригалогенидҳои сезий ва қалъагӣ мусоидат намуда, қадами устуворе барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Таҳқиқот бо дастгирии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (гранти №#TJ-2726) гузаронида шудааст.
Лаҳзаҳо аз ҷараёни семинари илмии институт аз санаи 30.03.2023