Раёсат ва аҳли кормандони ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ Бурҳонзода Амондуллои Саидалӣ – олими ҷавони Институтро, ки рӯзи 13-уми январи соли 2022 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Компьютерный анализ функциональных материалов с ионным допингом структуры методами квантовой химии и классической молекулярной динамики», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ бомуваффақият дифоъ намуд, муборакбод менамояд.
Рисола таҳти роҳбарии илмии д.и.ф.м., профессор, ходими пешбари илмии лабораторияи физикаи нейтронии ба номи И.М.Франки Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубнаи Федератсияи Россия, устод Холмуродов Холмирзо Тағойқулович ба анҷом расонида шудааст.
Ҳимояи диссертатсия дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-009-и назди ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ баргузор гардид.
Фатҳи қуллаи аввалини илм муборак бошад – Амондуллои Саидалӣ!
Муваффақияти мактаби илмиатон муборак бошад – устод Холмирзо Тағойқулович!
Бо эҳтиром, Раёсат ва аҳли
кормандони ИФТ ба номи
С.У. Умарови АМИТ