Раёсат ва аҳли кормандони ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ Нематов Дилшод Давлатшоевич – олими ҷавони Институтро, ки рӯзи 23-уми декабри соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «САМТГИРИИ МОЛЕКУЛАҲОИ КДН ДАР САТҲИ ПЛЕНКАҲОИ МЕТАЛООКСИДИИ АЗ ҶИҲАТИ БИОЛОГӢ МУФИД», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ бомуваффақият дифоъ намуд, муборакбод менамояд.
Рисола таҳти роҳбарии илмии д.и.ф.м., профессор, ходими пешбари илмии лабораторияи физикаи нейтронии ба номи И.М.Франки Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубнаи Федератсияи Россия, устод Холмуродов Холмирзо Тағойқулович ба анҷом расонида шудааст.
Ҳимояи диссертатсия дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-009-и назди ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ баргузор гардид.
Фатҳи қуллаи аввалини илм муборак бошад – Дилшод Давлатшоевич!
Муваффақияти мактаби илмиатон муборак бошад – устод Холмирзо Тағойқулович!
Бо эҳтиром, Раёсат ва аҳли
кормандони ИФТ ба номи
С.У. Умарови АМИТ