Home Таҳқиқоти илмии МОТМБЭ

Таҳқиқоти илмии МОТМБЭ

by usto

ТАДҚИҚОТҲОИ ИЛМИИ МАРКАЗ

Мавзуъ:   «Коркарди маводҳо, сохторҳо ва системаҳо бо мақсади истифодаи комплексии захираҳои барқароршавандаи энергия»
Муддати иҷро солҳои 2019-2023.  Роҳбар:    н.и.т.  Кабутов Қ.

Натиҷахо:
1.Дар асоси нимноқилҳои органик ва ғайриорганики сохтори бисёрқабатаи намуди InGa/OAK(NaCl)/GaAs/C-ро сохтем ва хосятҳои вольт-амперии онро муайян намудем. Ба воситаи дастгоҳи сохташуда аз хокаи азокрасител ва оби дисциляцияшуда маҳлул бо фоизхои гуногун тайёр намуда дар зери таъсири рушнои ва гарми ташхис гузаронидем. Аз руи муқоисаи характеристикаи волтамперии сохтори бисерқабатаи InGa/OAK(NaCl)/GaAs/C бо характеристикаи вольтамперии диоди реалӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки ин сохтори бисерқабатаи намуди InGa/OAK/GaAs/C –  ро ба ҷои диод дар системаи радиотехника истифода бурдан мумкин аст.

2.Тадқиқоти реҷаи кории шабакаҳои тақсимотии 0,4 кВ – таи магистралӣ (шоҳроҳӣ) ш. Душанбеи ҶТ бо тақсимоти истеҳсол аз энергияи офтоб барои баҳодиҳии талафоти тавоноӣ ва сифати энергияи электрикӣ коркард шуд. Таъсири кори табдилдиҳаки шабакаи идории (инверторов ведомый сетью) неругоҳҳои офтобӣ ба реҷаи кории шабакаҳои электрикии шиддати 0,4 кВ аз нуқтаи назари мувофиқати электромагнитӣ таҳлил карда шуд.

3.Гармиғунҷоиши хоси антратсити маъдани назарайлоқ  озмоишан муайян карда шуда, дар асоси он бо барномаи махсуси коркардгардидаи Sigma plot коэффисенти гармидиҳанда, тағйирёбии энталпия, энтропия, энергияи Гиббс ҳисоб карда шудааст. Қимати миёнаи гармиғунҷоиши хос коэффисенти гармидиҳанда  дар ҳудуди ҳароратҳои 900-10000К ёфташуд, ки барои тартиб додани баланси гармии электролизёрҳои алюминий ва дигар агрегатҳои гарме, ки  блокҳои бутабандиашон аз антрасити маъдани Назарайлоқ тайёр карда мешаванд, мумкин истифода бурда шаванд.

Мавзуъ:  «Коркарди самтҳои баланд бардоштани самаранокии сохтан ва истифодабарии ҷузъҳо ва системаҳои энергетикаи барқароршаванда»
Муддати иҷро:  солҳои 2014-2018.  Роҳбар:    н.и.т.  Кабутов Қ.

Натичаҳо:
1. Истифодаи якҷояи манбаъҳои гуногуни барқароршавандаи энергия (истифодаи якҷояи системаҳои СФО ва НБО-и хурд, ДБШ ва НБО-и хурд, биоэнергетикӣ, гелиоколлекторхо, танурӣ ва хушккунакҳои офтобӣ) имкон медиҳанд, ки истифодабарандагони инфиродӣ мунтазам бо энергия таъмин бошанд. 

2.Усули биотехнологии конверсияи биомасса ба биогаз бо усули анаэрообӣ коркарди партовҳои хоҷагӣ таҳлил карда шудааст. Тавоногии энергетикии дастгоҳи биоэнергетикӣ баҳо дода шудааст. Нишон дода шудааст, ки дастгоҳи ҳаҷмаш 1-3 м3, ки 8 кг биомассаро истифода мебарад дар як шабонарӯз то 2 м3 биогаз ҳосил мекунад, ки он ба дастгоҳи электроэнергетикии тавоноиаш 300 Вт мутаносиб аст. 

3. Бо усули Потенциодинамикӣ, ҳангоми кушодани (развертка) потенциал бо суръати 2 мВ/с рафтори аннодии хуллаи АЖ 4.5 (Al+4.5%Fe), ки то 1% (мас.) бо  қурғошим ғашнок карда шудааст, дар муҳити электролити NaCl тадқиқ карда шудааст. Нишон дода шудааст, ки илова намудани қурғошим суръати коррозияи хулларо ду баробар кам мекунад. Ҳамзамон, потенциали электрохимикӣ ба соҳаҳои мусбати он мекучад. Бо афзоиши консентратсияи хлорид-ион дар  электролит, суръати коррозияи хӯллаҳо меафзояд. 

4.Бо усули потенсиостатикӣ рафтори аноднии хӯллаи АК8 бо сурма, дар муҳити электролити NaCl бо консентратсияи 0.03, 0.3, 3.0% (аз руи масса) тадқиқ карда шудааст.  Нишондиҳандаҳои  корозионию электрохимикии хӯлаҳои   миқдори сурмаашон 0.01, 0.05, 0.1, 0.5% (аз руи масса) муайян карда шудаанд. Нишон дода шудааст, ки  хӯлаҳои АК8-и миқдори сурмаашон ба 0.01-0.05% (аз руи масса), дар муҳити электролитӣ NaCl бо консентратсияи 0.03% (аз руи масса), суръати коррозияшавии камтаринро доранд.

5. Тадқиқоти ячейкаҳои  фотоэлектрикие, ки  дар асоси нимноқилҳои (Si, GaAs, InP ва ғайра.)  органикӣ ва ғайриорганикӣ  синтез гардиданд, нишон медиҳад, ки истифодаи якҷояии онҳо бо неругоҳҳои хурди барқии бодӣ, дар соҳаи истифодаи энергетика баҳо дода шуда ва самаранокии чунин  дастгоҳо аз аҳамият холӣ нест. Ҳамин тариқ аз натиҷаҳои тадқиқотҳо маълум гардид, истифодаи якҷояи  чунин намуд дастгоҳҳо дар шароити мавзеҳои кўҳӣ мақсаднок буда, коэффисиенти кори фоиданоки ин намуд дастгоҳҳои гибридӣ тақрибан  ба 35-40% баробар аст. 

6. Дар асоси гармиғунҷоиши хоси намунаи эталонии мис, гармиғунҷоиши хос ва тағйирёбии функсияҳои термодинамикии хўллаи    АЖ4.5-и бо сурб ғашнок карда шуда муайян карда шудааст. Илова намудани сурб гармиғунҷоиши хоси АЖ4.5-ро қариб тағйир намедиҳад, аммо энталпия и энтропияи хўлларо кам карда, энергияи Гиббсро каме зиёд мекунад. 7. Пайдоиши геологии антратсити “Назарайлоқ” тадқиқ карда шуда дарёфт карда шуд, ки аз 16 қабатҳои мавҷуда, қабатҳои № 4 ва 6 аз ҳама камхокистар буда, коркарди пешакиро талаб намекунанд. Бо усулҳои физико – химиявӣ таркиби химиявии хокистари антратсит,  ҳамчун микро ва макроғашҳо муайян карда шудааст. Микроғашҳои асосӣ ин AE2O3, SiO2, Fe203, CaO, MgO буда, микроэлементҳо Sr,Pd, As, Fn, Cu,Ni, Co, Mg, Cr,V мебошанд.