Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир – таҳияи технологияи татбиқи самараноки иқтидори амалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, ки аз онҳо энергияи сабз ба вуҷуд меояд, ба монанди – гидроэнергетика, энергияи офтоб ва шамол, энергияи геотермалӣ, инчунин энергияи уқёнус, энергияи гидроген ва ғайра, ки дар навбати худ барои тадриҷан кам кардани партовҳои гази карбон то ба сифр пешбинӣ шудаанд. Дар ҳолати ҳозира дар баланси ҷаҳонии энергетикӣ ҳиссаи соҳаҳои хеле пешрафта (пас аз гидроэнергетика) энергияи сабз – шамол ва офтоб зиёда аз 10 фоизро ташкил медиҳад. Мо инчунин қайд мекунем, ки дар солҳои охир як соҳаи дигари ояндадори технологияи истеҳсоли энергияи сабз низ ривоҷ меёбад – гидрогени сабз, ки бо потенсиали бузурги истифода дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла тавлиди нерӯи барқ ва равандҳои саноатӣ алоқаманд аст.
Бо вуҷуди ин, яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи ҳамаҷониба паҳн кардани технологияи энергетикии сабз ҳанӯз ҳам арзиши нисбатан баланд ва дар натиҷа самаранокии на он қадар баланд (дар муқоиса бо гидроэнергетика) мебошад, ки ҳалли онҳо дар марказҳои илмии ҷаҳон ба таври интенсивӣ таҳқиқ шуда истодаанд. Аз ин ҷумла, соли 4-ум аст, ки дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Департаменти илм ва муҳандисии Донишгоҳи Васедаи ш.Токио (лабораторияи профессор Т.Ямамото) оид ба таҳияи технологияи синтез ва оптимизатсияи хосиятҳои маводи нави наноандозаӣ барои коркарди табдилдиҳандаҳои энергияи офтобӣ, таҳқиқот гузаронида мешавад. Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ин донишгоҳ тайи солҳои охир 8 нафар олимони ҷавони институт дар лабораторияҳои он ихтисоси худро такмил намуданд. Ин самти ҳамкории илмию амалӣ рушд ёфта, айни замон дар институт бо донишгоҳҳои Аврупо ва Чин низ гуфтушунидҳо оид ба ҳамкорӣ ва таҳқиқоти муштарак идома доранд.
Таҳқиқоти якчандсолаи муштараки институт бо марказҳои пешқадами илмии кишварҳои ҷаҳон ҳоло самараҳои амалӣ дода истодаанд. Яке аз натиҷаҳои охирини институт дар ин самт – кор карда баромадани технология ва синтези плёнкаҳои нанокристаллии перовскитӣ барои истифода дар унсурҳои насли нави лавҳаҳои офтобӣ мебошад. Аз ҷумла, дар соли 2023 намунаҳои нанопленкаҳои перовскитии оилаи CsNiX3 (X: Cl, Br, I, F) бо хосиятҳои пешакӣ муайяншуда ба даст оварда шуданд. Бояд зикр намуд, ки раванди ба даст овардани чунин нанопленкаҳо хеле мураккаб буда, ҳам аз қисмати назариявӣ – ҳисобҳои квантию химиявии сохтори зарурии молекулавии маводи нанокомпозитӣ ва қисми амалӣ – таҷрибаҳои лаборатории саҳеҳияти баланд иборат аст. Дар ин маврид, баъди анҷоми таҳқиқоти муштараки қисми назариявӣ, қисми амалии таҳқиқот ва таҷрибаҳо аз ҷониби олимони ҷавони институт дар Донишгоҳи Ҷопон гузаронида шуданд.
Ҳамин тавр, коркарди технология ва ба даст овардани намунаҳои плёнкаҳои нанокристаллӣ яке аз аввалин натиҷаҳои амалии ҳамкории Институти физикаю техника бо Департаменти илм ва муҳандисии Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио мебошад. Институт айни замон таҳқиқотро дар ин самт вусъат дода, якҷоя бо олимон ва марказҳои илмии хориҷи нақшаҳои таҳқиқоти муштаракро дар соҳаи татбиқ намудани ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон (Big Data) дар маводшиносию техника, лоиҳагирии квантию механикӣ ва синтези маводи функсионалии оптоэлектронӣ барои таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, энергетика, дисплейҳо, сенсорҳо ва таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ таҳия ва баррасӣ намуда истодааст.