Home Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-031

Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-031

by usto

Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Институт) доир ба ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз рўйи самтҳои илми 6D060400 – Физика ва 6D071700 – Энергетикаи ҳароратӣ (ШД ИФТ) таҳти фармоиши №72-и Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) аз санаи 06.12.2017с. таъсис дода шуд.

Ҳайати ШД ИФТ 6D.KOA-031 аз 21 нафар иборат мебошад, ки аз онҳо 15 нафар доктори илм ва 6 нафар номзади илм мебошанд. Аз ҳайати докторони илм 8 нафар кормандони асосии Институт ва АИ ҶТ буда, 7 нафар кормандони асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҳайати номзадҳои илм бошад 4 нафар кормандони асосии Институт буда, 2 нафар кормандони асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мебошанд.

Раиси Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031, д.и.ф.-м., академик Ҳ.Ҳ. Муминов мебошанд.

Мувофиқи фармоиши Раиси КОА аз санаи 02.03.2020с. таҳти №38 ҳоло ба ШД ИФТ қабули диссертатсияҳо барои баррасӣ ва ҳимоя аз рўи ихтисосҳои зерин  иҷозат дода шудааст:

1). 6D060400 – Физика (01.04.07 – Физикаи ҳолатҳои конденсӣ, 01.04.15 – Физика ва технологияи наносохтор, физикаи атом ва молекула, 01.04.16 – Физикаи ҳастаи атом, зарраҳои бунёдӣ).
2). 6D071700 – Энергетикаи ҳароратӣ (05.14.08 – Дастгоҳҳои энергетикӣ дар асоси намудҳои барқароршавандаи энергия).
3). 6D061200 – Метеорология (25.00.30 – Обуҳавошиносӣ, иқлимшиносӣ, обуҳавошиносии кишоварзӣ).

Фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2020, №38
Ҳайати Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031