Кӯҳҳои азими Помир диққати олимони ҷаҳонро бо астроиқлими нотакрори худ аз солҳои 30-уми асри гузашта ҳамчун лабораторияи табиии таҳқиқи нурҳои кайҳонии энергияи фавқулбаланд ҷалб менамояд. Аз нуқтаи назари олимони физикаи зарраҳои элементарӣ астроиқлими Помир яке аз нодиртарин имкониятҳои инсоният дар омӯзиши хосиятҳои бунёдии табиат ба ҳисоб меравад. Ёдрас мешавем, ки дар интиҳои солҳои 80-ум дар истгоҳҳои баландкӯҳи Помир сели заррачаҳое бо энергияи фавқулбаланд дар сатҳи 1018 эВ ба қайд гирифта шуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ энергияи баландтарини таъсироти мутақобилаи заррачаҳои тариқи камераҳои рентгенӣ-эмулсионӣ ба қайд гирифташуда ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади таҷдиди пурраи саоҳаи мазкур дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон марҳила ба марҳила чораҳои мушаххас дида шуда истодаанд. Аз ин ҷумла, яке аз масъалаи мубрам – омода намудани кадрҳои ҷавони ватанӣ ва мактабӣи илмии муосир мебошад, потенсиали ба роҳ мондани таҷдиди соҳаи мазкурро бо истифодабарӣ аз технологияҳои муосир доро бошанд.
Аз ин ҷумла, санаи 06 июли соли 2023 яке аз олимони ҷавони институт, ходими илмии Маркази байналмилалии таҳқиқоти физикӣ-ядроӣ Ризои Баҳромзод рисолаи илмии худро таҳти унвони “Рушди усулҳои ҷудосозии селҳо аз γ-квантҳои энергияашон беҳад баланд аз рӯи маълумоти детекторҳои черенковии таҷҳизоти баландкӯҳӣ” зери роҳбарии д.и.ф.м., профессори кафедраи физикаи кайҳони факултети физикаи ДДМ ба номи М. В. Ломоносов Галкин Владимир Игоревич бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва аҳли кормандони ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ олими ҷавон Р.Баҳромзод ва роҳбари илмии ӯ профессор В.И.Галкинро барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани яке аз марҳилаҳои фаъолияти илмиашон самимона табрик менамояд.
Аҳли кормандони институт кӯшиш доранд, ки бо ташкили саҳеҳи фаъолият, меҳнати илмӣ, ихтироъкорию навгониҳои муосир ва омода намудани кадрҳои илмии болаёқату пурмасъулият рақобатпазирии мактабҳои миллии илмиро боз ҳам баланд бароварда, дар раванди ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи саноат ва иқтисодиёти кишвар бештару аёнтар саҳмгузор бошанд.