ЭЪЛОН
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
барои ишғоли ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони илмӣ
озмун эълон менамояд
(Асос: мактуби Раёсати АМИТ аз санаи 18.11.2022, №30001/23-1954)
- Муовини директор оид ба илм ва таълим – 1 ҷой, аз ҳисоби довталабони соҳибунвон.
- Котиби илмии институт – 1 ҷой, аз ҳисоби довталабони соҳибунвон.
- Лабораторияи акустикаи физикӣ: мудир – 1 ҷой; ходими илмӣ – 2 ҷой, ходими хурди илмӣ – 2 ҷой.
- Лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият: мудир – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 0.5 баст; ходими калони илмӣ – 0.5 баст.
- Лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ: мудир – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 0.5 баст.
- Лабораторияи физикаи атмосфера: мудир – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 0,75 баст.
- Лабораторияи физикаи кристаллҳо: мудир – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой.
- Лабораторияи электроникаи квантӣ: мудир – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
- Маркази байналмилалии таҳқиқоти физикӣ-ядроӣ: мудир – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 2 ҷой.
- Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия: мудир – 1 ҷой; котиб илмии марказ – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1.5 баст; ходими пешбари илмӣ – 2.5 баст; ходими калони илмӣ – 4 ҷой; ходими илмӣ – 0.5 баст.
- Сектори физикаи назариявӣ: сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 3 ҷой; ходими калони илмӣ – 0.5 баст; ходими илмӣ – 0.5 баст.
- Шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнология (ҳамзамон сектори физикаи назариявӣ): мудир – 1 ҷой.
- Талабот барои ишғоли вазифаҳои мудир ва ходимони илмии зерсохторҳо:
- барои ишғоли вазифаи мудири лаборатория (марказ, шуъба), сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ – доштани дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) дар самти илмии лаборатория (марказ, шуъба)-и дахлдор;
- барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ (мутахассис) ё магистрӣ дар самти илмии лаборатория (марказ, шуъба)-и дахлдор;
- на камтар аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- доштани корҳои нашршудаи илмӣ (ҳамчунин патентҳо – дар ҳолати мавҷуд будан) вобаста ба самти фаъолияти лаборатория (марказ, шуъба).
- Руйхати ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби довталабон пешниҳод мегарданд:
- ариза ба номи директори институт.
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (пуррашуда);
- ҳолнома (пуррашуда);
- 4 дона расми андозаи 3х4;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (“ИНН”);
- нусхаи гувоҳномаи РИС (“СИН”);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;
- нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ;
- нусхаи аттестати унвони илмӣ;
- руйхати мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои муқарризишаванда дар солҳои 2018-2022 нашршуда.
- барномаи фаъолияти лаборатория (марказ, шуъба) барои панҷ сол – барои довталабони вазифаи мудири зерсохтори илмӣ.
- Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1,ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ, ошёнаи 1, утоқи №135 (шуъбаи кадр, тел.: (+99237) 2258142).
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо – як моҳаз санаи нашри эълон.
07.12.2022