Яке аз роҳҳои рушди интенсивии раванди таҳқиқоти илмӣ – ташкил намудани ҳамкорӣ ва таҳқиқоти ҳамҷоя байни олимони муассисаҳои илмӣ мебошад. Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров дар ин раванд бо як қатор муассисаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои судманди илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла институт солҳои тулонӣ бо Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитс (ТРОПОС, ш.Лейпсиг, Олмон) дар самти физикаи атмосфера лоиҳаҳои ҳамҷоя ва таҳқиқоти муштараки илмӣ мебарад. Дар ин раванд як қатор нақшаҳо амалӣ гаштанд, аз қабили – насби комплекси таҳқиқотии Лидар (6ғумин дар ҷаҳон) дар озмоишгоҳи илмии институт ва бурдани таҳқиқоти бефосила дар ин самт (аз соли 2019 инҷониб), ба роҳ мондани мубодилаи олимони ҷавон тоҷик ва олмонӣ бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисоси самти метеорология ва иқлимшиносӣ байни институт ва Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитс (аз моҳи майи соли 2022 – 6 нафар олимони ҷавон) ва ғ.
Дар ин ҳошия 25 июни соли 2022 бо иштироки профессори Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитс Дитрич Алтхаузен Созишномаи ҳусни тафоҳум байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров ва Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитс оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои зерин баста шуд:
- равандҳои физикӣ дар атмосфера
- усулҳои ҳастаӣ-физикии таҳқиқот
- физикаи энергияҳои фавқулбаланд ва нурҳои кайҳонӣ
- физикаи нимноқилҳо
- спектроскопия
- акустика
- манбаъҳои барқароршавандаи энергия
- ва ғ.