Санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ ташрифи ҳайати олимон ва мутахассисони соҳаи физика, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарориҳои зеҳнии додаҳои калон ва бехатарии шабакаҳои Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини (CQUPT) Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Шиносоӣ бо институт дар чаҳорчӯби сафари расмии олимони ҶХХ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифта, дар назар аст, ки дар он масъалаҳои таҳқиқоти муштараки пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон, аз ҷумла дар соҳаи маводшиносӣ ва муҳандисӣ, тарҳрезии зеҳнии маводи функсионалии оптоэлектронӣ ва дастгоҳҳо барои равшанӣ, энергетика, дисплейҳо, ҳассосакҳо ва телекоммуникатсия баррасӣ гарданд.
Тавре дар боло зикр гардид, дар ҷараёни ошноӣ бо потенсиали олимону мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияҳои баланд сафари ҳайати устодони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсин ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷумла маърӯзаҳои илмии олимони зеринро дар бар мегирад:
- профессор Ч.Г.Ма (Chong-geng Ma) – декани Институти инноватсионии CQUPT-BUL;
- профессор П.Ли (P.Li) – муовини директори Лабораторияи калидии ҳисоббарориҳои зеҳнии додаҳои калон;
- профессор В.Хоу (W.Hou) – муовини директори Институти алоқаҳои зеҳнӣ ва бехатарии шабакавӣ;
- Б.Лоу (B.Lou) – лектори Мактаби техникаи оптоэлектронӣ;
- Ц.Сио (J.Xie) – лектори Мактаби илмҳои компютерӣ ва технологияҳо;
- М.С.Қурбониён – докторанти Мактаби техникаи оптоэлектронӣ (н.и.ф.м., собиқ аспиранти Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров).
Бояд қайд намоем, ки ҷаҳони муосир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ мекунад ва донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди махсусан соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосир соҳиб гаштаанд. Аз ҷониби дигар динамикаи равандҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту коркарди технологияҳои нав бо баробари пурқувват шудани омилҳои ҷаҳонишавӣ бо шитоб ва қонуниятҳои нави хоса ба замони муосир рушд карда истодаанд. Дар чунин муҳити пуррақобат танҳо чораҳои саривақтии комплексӣ ва саҳеҳу дақиқ донистани қонуниятҳои рушди илм имкон медиҳанд, ки бо роҳҳои оптималӣ дар соҳаи илм ҷаҳишҳои мусбӣ ба даст оварда шаванд. Ҳамзамон, боиси зикр аст, ки яке аз нуктаҳои асосии нигоҳ доштани рақобатпазирии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи технологияҳои баландро дар шароити муосир – рушди ҳамкориҳои илмӣ ва тадқиқоти муштарак бо марказҳои илмии пуриқтидор ташкил медиҳад.