Тоҷикистони биҳиштосо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз буда, меваҳои шаҳдбор, обҳои шифобахш, боду ҳаво, табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс ва урфу одатҳои мардуми меҳрубони ин кишвар макони беҳтарину нотакрор барои сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо ҳама мавзеъҳои таърихии худ аз қабили қалъаи Ҳисор, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Гармчашма, Чилдухтарон, Хоҷаобигарм, Хоҷамуъмин, Зумрад, Ромит, Сари хосор ва ғайра ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст.
Ҳар халқи дунё дорои муқаддасотест, ки дар давраи муайяни таърихӣ симои ин халқро инъикос намуда, гувоҳномае аз ҳиссае он дар бунёди тамаддуни башар мебошад. Аз ин муқаддасот то замони мо шаҳру шаҳракҳои қадима, кухандизу қасрҳо, манору мақбараҳо ва ё осори хаттӣ ба мерос мондаанд. Барои мардуми барӯманди Хатлон вайронаҳои пойтахти қадимаи он, шаҳри Ҳулбук дар радифи чунин муқаддасот мебошад.
Ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри ободон буд ва маркази сарзамини Хатлон ҳисоб меёфт ва макони муқаддас гаштани он ба насли имрӯза асос дорад.
Қалъаи Ҳулбук таърихи қадима дорад. Ин қалъа нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик миёни мавзеъҳои дигар мақоми шоистаро касб кардааст. Дар рӯ ба рӯи қалъа осорхонаи таърихии он воқеъ аст. Ин осорхона имрӯз ба макони сайёҳӣ табдил ёфта дар он тамоми ёдгориҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳо боқӣ мондааст. Дар осорхонаи Ҳулбук тамоми бозёфтҳои нодири қадимӣ, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор, зарфҳои шишагиву сафолӣ, ороишоти занона, кӯзаҳои сафолию биринҷӣ, маҳсулотҳои оҳангарӣ, косибию заргарӣ, тангаҳову китобҳои таърихӣ ва дигар олоте, ки аз санг офарида шудааст дар онҷо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як гӯшаи ин қалъа бо сабку усули хоса ва маҳорати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст, ки аз завқи баланди ҳунармандони он замон гувоҳӣ медиҳад.
Қалъаи Ҳулбук ороишоти наҷибу фаровоне дорад. Яке аз суннатҳои ниёгони ин қалъа инъикоси санъати меъморӣ мебошад, ки ёдгоре аз таърихи гузаштаи миллати тоҷик ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир тасвирҳову зебоӣ ва шукӯҳи санъати қалъаи Ҳулбук беҳамтост.
Номи шаҳркадаи Ҳулбук дар бисёре аз асарҳои бузургони мо дарҷ гардидааст: «Ҳулбук касабаи Хатлон аст ва мустақари подшоҳ аст. Шаҳрест ба барокӯҳ, ниҳода, бисёрмардум, бо рустоҳои бисёр». («Ҳудуд-ул-олам», асри X). «Яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистони ҷанубӣ пойтахти Хатлон- Ҳулбук буд. Фақат қисмати марказии он масоҳати 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зиннати Хатлон ёфт шуд» (Б.Ғафуров«Тоҷикон»). Корҳои бостоншиносӣ дар харобаҳои ин шаҳри қадим аз солҳои 1950-ум шуруъ шудааст ва бостоншиносон мегуянд, қалъаи Ҳулбук аз асрҳои 9-12 мондааст. Димнаи (Қасри ҳокимони) Хулбук – дар масофаи 7 км дуртар аз самти шимолу ғарбии маркази ноҳияи Восеъ (деҳаи Қурбоншаҳид) ҷойгир аст. Қасри ҳокимони Хулбук ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Хулбук, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст, дохил мешавад.
Аз дидгоҳи этимологӣ, Ҳулбук шояд аз пораҳои эронии куҳани *hwar-+baga- ба маънии «Худо-Офтоб, Хур» ё Хур/Офтоби худо (яъне Худованди Офтоб бошад), ки ҳосилаи решаи ҳиндуаврупоии *sͦer-ва иронии куҳани baga-мебошад.
Ҳулбук шояд аз вожаи юнонии ὓλη / ὓλα (овонавишт-шон ҳула-/ҳула) бошад ва ҷузъи номаълумаш бака/-бука. Дар самти ҷанубӣ-ғарбии Сарматияи аврупоӣ (булукоти хеле маъмулу машҳури скифӣ/сакӣ дар замони бостон) шаҳраке ба номи Ὑλάιη (Ҳулаио) (дар русӣ Гилея) мавҷуд аст, ки миёни Борисфен (дар талаффузи русӣ) / Бористҳону Ҳипакар воқеъ мебошад. Борисфен сарзамини сирф скифӣ/сакӣ/сарматӣ буд. Ҳула — ὓλη / ὓλα — маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра. Қасри ҳокимони Хулбук таърихан ба аcрҳои IX – XI мансуб аст.
Димна тарҳи секунҷамонандро дошта, қаблан масоҳати он 70 га ташкил мекард. Хулбук танҳо дар масоҳати 16 гектар боқӣ мондааст. Димна, ки дар гузашта бо девор иҳота шуда буд, аз самти шимолу ғарб даромадгоҳи сарнишебе дошт. Арки он дуқабата буда пурра маҳфуз мондааст.
Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ» — и шоҳони ин мулкро Ҳулбук донистаанд. Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук ҳамчунин дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Хулбисса мавҷуд мебошад. А.М. Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои мусулмонии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст.
Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда таълифоти мазкур чунин зикр кардаанд: «Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара дар водиҳо ҷойгиранд».
Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла, М. А. Варигин, А.П. Колпаков ва А.Е. Маҷӣ – онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд. Аз ин лиҳоз иваз намудани номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук ба ҳақиқати таърихӣ ва ҷуғрофӣ мувофиқ буда, омили арҷгузорӣ ба ин макони таърихӣ мебошад. Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонида, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти муфид медиҳанд.
Давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқияти тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст. Аз ин рӯ Ҳулбук ҳамзамони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалии Синову Абурайҳони Берунӣ, Хоразмиву Форобӣ, Нархашиву Табарӣ ва даҳҳо дигар бузургони илму фарҳанг мебошад.
Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Дар тӯли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин маркази асосии тиҷорати мардуми куҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд. Аз шаҳр ду роҳи корвонӣ мебаромад, яке ба воситаи Пули Сангини Вахш, Вашгирд (ноҳияи Файзобод), Шумон (Душанбе), Бутамон (болооби Зарафшон), Истаравшан (ноҳияи Уротеппа) ба роҳи шоҳи пайваста, ҷониби Хитой мерафт. Роҳи дуюм ба воситаи кӯҳистони Дарвозу Помир ҷониби Қошғару Ҳиндустон мебурд (бояд хотиррасон кард, ки Шоҳи Хомӯш охири садаи Х1 бо ҳамин роҳ аз Ҳиндустон ба Хатлон омада буд). Замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфт. Агар Ҳулбук нигини Хатлон бошад, пас қасри шоҳон ҷавҳари он аст. Ба шарофати ҳамин қалъа буд, ки соли 1953 олимони шӯравӣ Е.А.Давидович ва Б.А.Литвинский мавқеи Ҳулбукро аниқ намуда, ба баҳсу мунозираҳои садсола оид ба мавқеи шаҳр хотима гузоштанд. Дар зарфи зиёда аз 35 соли ҳафриётҳо дар ин ҷо бисёp паҳлуҳои санъату ҳунари аҷдодӣ кашф гардиданд, ки ҳамчун суннатҳои миллии тоҷикон таърихи аз ин беш қадима дошта, аз тамаддунҳои гузашта обхурӣ намудаанд.
Таҳқиқҳо нишон доданд, ки Қасри шоҳони Хатлон дар масоҳати 50-150 метр аз ду қисмат: ҷанубӣ ва шимолӣ иборат аст. Қисми ҷанубӣ нисбатан баландтар буда, дар он толори асосӣ бо тахти шоҳ, биноҳои кории амалдорон, масҷиди қаср ва дигар хонаҳои хизматӣ макон доштанд. Қисми шимолиро бошад ҳарамхона, ҳуҷраҳои хизматгорон, саҳнаи мутрибон, ҳавзи қаср ва хонаҳои хоҷагӣ оро медоданд. Масолеҳи сохтмонӣ бештар похса истифода шудааст, вале фарши хонаву толорҳо, даромадгоҳи қаср, майдону ҳавзи он аз хишти пухта бино ёфтаанд. Дар дохили қаср шабакаи васеи обтаъминкунии қубурӣ ва зерифаршии гармидиҳӣ вуҷуд дошт. Бадрабҳои махсус бошанд тозагии саҳни онро таъмин мекарданд. Қалъаро аз берун ду қабат деворҳои мустаҳками мудофиавӣ иҳота менамуданд, деворҳо ва бурҷҳои доирашаклу чоркунҷаи онҳо қисман аз хишти пухта сохта шудаанд ва қисман бо чунин хишт рӯйкаш гардидаанд. То ба имрӯз девори берунӣ хсле кам вале девори дохилӣ аксаран аз баландии 1-3,5 метр маҳфӯз мондааст. Даромадгоҳи қаср аз тарафи офтобшин буда, пештоқи онро ҳарфҳои калони аз гил пухташудаи катибаҳо оро медоданд. Тарзи сохт ва ҷойгиршавии биноҳо бостоншиносонро ба хулосае оварданд, ки дар ин ҷо ҳунармандони хатлонӣ бештар суннати меъмории тоисломиро истифода кардаанд.
Суннати дигари ниёгон, ки дар қасри шоҳон таҷассуми худро ёфтааст гаҷкориҳои он мебошад. Садҳо пораҳои хурду калони гаҷҳои гулбуридашуда, ки ҳангоми ҳафриётҳо ёфт шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Онҳо як замоне девори хонаҳо, сутуну айвонҳо ва толору роҳравҳои қасри шоҳонро зиннат медоданд. Аз рӯи шакл ин гулбуриҳо ба се намуд ҷудо мешаванд: тасвирҳои исломӣ (наботот), махлуқот ва сураҳои Қуръон. Чуқурии буриши тасвирҳо аз 2 то 20 сантиметр буда бо рангҳои кабуд, зард, гулобӣ тобиш дода шудаанд. Биноҳо тарзе оро ёфтаанд, ки ягон композитсияи алоҳида дуюмбора такрор нашудааст. Тасвири махлуқот ва махсусаи шер, ки бештар дар сутунҳои айвонҳо омадаанд хусусияти хоси худро доранд. Эркиной Ғуломова чунин мешуморад, ки образи шер дар ҷаҳонбинии хатлониён ҳамчун посбони хонадон аз офатҳо ҳисобида мешуд. Бостоншиноси намоёни тоҷик Юсуфшоҳ Ёкубов бошад дар ин тасвирҳо образи худои офтоби қавмҳои эронинажод Митраро (Меҳр) мебинад, ки то асрҳои миёна дар маданияти моддиву маънавии хатлониён боқӣ мондааст. Ба фикрам дар тасвирҳо образи зӯриву тавоноӣ ва нотарсию далериро низ бояд дид. Дар ин ҷо ба маврид аст ишораеро аз «Ҳудуд-ул-олам» оиди аҳли Хатлон биёрем: «Ва мардуми ин ноҳия мардумони ҷангианд…». Сайёҳи асри IX араб Ибни Ҳавкал дар асари худ «Мамолику-л-масолик», овардааст, ки то забти ислом шоҳони Хатлонро шери Хатлон ҳам меномиданд. Аз эҳтимол дур нест , ки сурати шер нишони (герб) шоҳони ин сарзамин бошад.
Сабти сураҳои Қуръон дар гаҷкориҳои Ҳулбук хеле олиҷанобанд. Онҳо бо тарзи хати куфӣ ва бо андозаҳои гуногун тавре моҳирона бурида шудаанд, ки ҳатто ҳарфҳои алоҳидаро аз гулҳо фарқ кардан мушкил аст. Вобаста ба андозаи девору ҳуҷраҳо, сураҳо пурра ё қисман истифода гардидаанд. Ба фикри бисёр олимон ба гаҷбуриҳои Ҳулбук фақат чунин бозёфтҳои шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанди кӯҳна (Афросиёб) ва Самара-пойтахти Хилофати Араб дар асри IX (наздикии Бағдод) рақобат карда метавонанду халос.
Яке аз суннатҳои маъмули ниёгон, ки дар қасри шоҳон инъикос ёфтааст, ин санъати тасвирӣ мебошад, ки ҳоло ҳам ёдгоре аз ин давр боқист то мо аз чунин ҷабҳаи ҳастии маънавии халқамон огоҳ шавем. Барои ҳамин ҳам тасвирҳои Ҳулбук беҳамтоянд. Дар муддати садсолаҳои зиёди хароба аксари тасвирҳо нест шудаанд. Боқимондаҳо кам ё беш зараp дидаанд. Вале ҳаминҳо ҳам аз зебоию шукуҳияти санъати монументалии Хатлон шаҳодат медиҳанд.
Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи осори гузашта ин таъсиси мамнӯъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд. Ин як дастоварди муҳиме буд дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон. Аз рӯзи аввали кашфи ёдгорӣ, соли 1953 (Б. А Литвинский, Е. А Давидович) то соли 1991 дар ин ҷо бо сардории бостоншиноси шинохта Эркиной Ғуломова корҳои таҳқиқотӣ идома доштанд, ки бо иштирок дар онҳо аксари бостоншиносони тоҷик аввалин сабақи соҳавию касбӣ гирифтанд. Дар ҳамин радиф даҳҳо толору ҳуҷраҳои Қасри шоҳони Хатлони асрҳои IX – XI кушода гардида, ҳазорҳо бозёфтҳо кашф шуданд, ки шоҳиди бевоситаи санъати баланди ҳунармандони Хатлонзамин мебошанд.
Вале бо баҳонаи набудани макони нигаҳдорӣ (осорхона) ва ҳамчун адабиёти динӣ нест кардан ва ба ӯзбекистону Федератсияи Россия бурдани ҳазорҳо нусха китоб, хуҷҷатҳои дастнавис ва нигораҳои тиллоӣ, нуқраву биринҷӣ, тобеи сиёсати як ҳизб намудани фаъолияти осорхонаҳо ва аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ тарбия накардани мутахассисони осорхонашинос ҷиддитарин камбудиҳои ҳукуматдорон ва Вазорати маданияти онвақтаи Тоҷикистон буд.
Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои муракаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон ва обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ,таъмини обҳои ошомиданӣ ва хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хуттал ва ҳудуҳои шаҳристон гузаронида шудаанд нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеъи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табии, мавқеъи стратегӣ – мудофиавиро ошкор намуданд.
Аҳолии шаҳри Ҳулбук ва музофотҳои он маҳсулотҳои беназири ҳунармандӣ аз қабили зарфҳои сафолии сирдор ва бесир, шишагин, булурин, маҳсулотҳои оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, устухонтарошӣ, мусаввирӣ ва ғ. дар сатҳи олии касбӣ ва техникӣ истеҳсол менамуданд ва бо ин васила талаботи худ ва минтақаро таъмин менамуданд. Сабки тасвири девормусаввараҳои Ҳулбук нишон медиҳад, ки ниёгони мо анъанаҳои санъати тасвирии гузаштаи хешро бо табодули анъанаҳои гузаштагон дар худ бевосита нигоҳ доштаанд. Таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандасӣ дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ оҳангарӣ инчунин дар тарҳ ва ороиши биноҳои қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасанд. Ҳамаи тасвирҳои анҷомдодашуда бевосита табии буда бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ нафосот ва зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд. Анъанаҳои шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар замони Сомониён ташаккул ёфта дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ нигоҳдорӣ ва равнақ дода шудаанд. Шаҳри Ҳулбук яке аз нобиғаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8-ёдгориҳои беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим-и ЮНЕСКО ворид карда шуд. Соли 2016 Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷоизаи “Global rating nomination”-и ЮНЕСКО-Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид-ро соҳиб шудааст.
Бо назардошти аҳамият ва мақому нуфузи шаҳри Ҳулбук дар таърихи шаҳрдорию шаҳрсозии халқамон эҳёи Қасри шоҳони Хатлон ва таъсиси осорхонаи Ҳулбук дар барномаи таҷлили ҷашнвораи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ворид гардид.
Ҳамин тавр ҳудуди ҳозираи ноҳияи Восеъро маркази тамаддуни Хатлонзамин гӯем, хато намекунем. Зеро дар ин минтақа аз тарафи бостоншиносон мероси бузурги тамаддуни аҷдодии тоҷикон ба даст омадааст. Масалан, Маданияти Хулбук, Манзаратеппа, Қайнар, Ғелоту Дарнайчӣ, ки онҳо нишонаи тамаддуни бузурги Хатлонзамин мебошанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон…, номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Кормандони «Осорхона – мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» чанде қабл зимни экспедитсияи бостоншиносӣ аз ҳудуди ёдгории Қасри Ҳулбук ашёи нодири таърихӣ кашф намуданд. Тибқи маълумоти бостоншиносон ин бозёфти таърихӣ «Обсофкунак» ё «Обполак» ном дорад, ки мансуб ба асрҳои IХ-Х, яъне замони салтанати Сомониён мебошад. Ин бозёфти ҷолиби таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар асрҳои IХ-Х дар Қасри Ҳулбук шабакаи васеи обтаъминкунӣ фаъолият дошт ва аҳолии он минтақаро бо оби софи ошомиданӣ таъмин менамуд.