Рӯзи 30-юми декабр дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ҷаласаи васеъи Шурои олимон баргузор гашта, дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Суханро раиси Шурои олимон, директори Институт, д.и.ф.м. Зарифзода А. Қ. оғоз намуда, бардоштҳои асосӣ аз Паёми Пешвои муаззами миллатро дарҷ намуданд. Қайд гардид, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату ҷамъиятро фаро гирифта, оид ба дастовардҳои соли гузашта маълумот пешниҳод намуда, нисбати барномаву масъалаҳои дар пеш гузошташуда дастуру супоришҳо доданд.
Пешвои муаззами миллат махсусан қайд намуданд, ки дастовардҳо дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт назаррас буда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 150 миллиард сомонӣ расидааст ва суръати рушди иқтисод ба ҳисоби миёна 7.7%-ро ташкил медиҳад. Даромади пулии аҳолӣ ба маротиб афзоиш ёфта, дар соли 2024 ба 147 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар соли 2025 рушди иқтисодиёт бояд на кам аз 8%-ро ташкил диҳад.
Роҳбари кишвар, ҳамчунин дастовардҳоро оид ба корҳои ободонӣ, сиёсати иқтисодӣ, рушди саноат ва истеҳсолот, энергетика ва истиқлоли энергетикӣ, таҳкими инфрасохтор ва роҳҳо, сайёҳӣ, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, шуғли аҳолӣ ва ҷанбаҳои дигар арзёбӣ намуда, дар самти сиёсати молиявӣ ва андоз, рушди инфрасохтори рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумот, рушди соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ пешниҳодҳо ва дастурҳои мушаххас доданд.
Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки барои омода кардани кадрҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад ва вазоратҳои марбута дар муҳлати чор моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод кунанд.
Дар баромади худ Президенти кишвар соҳибкориро дастгирӣ намуда, дастур доданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ ва коҳиши санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, то 1-уми январи соли 2027 ба санҷишҳо мораторий ҷорӣ гардад.
Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар Паёми Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои нақши ҷавонон дар ҷомеа, ҷойгоҳи бонувон, масъалаҳои тероризму экстремизм ва муносибатҳои байналмилалӣ диққати махсус дода шуд.
Пешвои муаззами миллат дар фарҷоми баромадашон гушрас намуданд, ки: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.”
Дар рафти баррасии Паём кормандону олимони Институт баромад намуда, аз суханҳои Пешвои миллат тарафдорӣ намуданд. Ҳамчунин онҳо вазифадор шуданд, ки Паёмро ҳамчун дастурамали корӣ истифода намуда, барои пешбурди илм саъйу кӯшиш намоянд.
Пас аз баррасии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.