Ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон cарходими илмии сектори физикаи назариявии Шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи институт, д.и.ф.м., профессор, академики АМИТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, олими шинохта ва физикдони миқёсӣ байналмилалӣ, устод Саидмуҳаммад Одинаевро ба муносибати барандаи ҷоизаи бонуфузи байнидавлатии
“СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД – барои саҳми шоиста ва дастовардҳои барҷаста дар илму маориф»
гардиданашон самимона табрик намуда, ба устод пеш аз ҳама саломатӣ ва дар корҳои илмию таҳқиқотиашон муваффақиятҳо орзу менамоянд.
Бо таманниёти нек ёдрас мешавем, ки 22 майи соли 2023 бо қарори Шӯрои тақдими ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод-и Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ устод Саидмуҳаммад Одинаев бо Ҷоизаи бонуфузи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» дар номинатсияи «Барои саҳми шоиста ва дастовардҳои барҷаста дар илму маориф» дар соли 2022 сарфароз гардонида шуданд. Ситораҳои Иттиҳод – ҷоизаи байнидавлатӣ мебошад, ки ҳамасола барои саҳмгузорӣ ва дастовардҳои бузург дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, санъат, бойгонӣ, иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ, варзиш, сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва корҳои башардӯстона ба намояндагони шинохтаи кишварҳои ишитрокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим карда мешавад. Вобаста ба ин Шӯрои тақдими ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» бо қарори худ аз 22 майи соли 2023 аз 16 номзадҳо, ки аз ҷониби 8 кишвари ИДМ пешбарӣ шуда буданд, 8 ҷоизадоронро барои хизматҳои арзанда ва дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун дар соли 2022 номбар намуд. Аз он ҷумла барои хизматҳои арзанда дар яке аз самтҳои муҳими ҷаҳони муосир – «илму маориф» ҳамчун барандаи Ҷоиза устод Саидмуҳаммад Одинаев эътироф гаштанд, ки боиси ифтихори бепоёни мо мебошад.
Бори дигар устод Саидмуҳаммад Одинаевро бо Ҷоизаи бонуфузи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» табрик менамоем. Шумо ифтихори мо ҳастед – устоди азиз.
Маълумотномаи мухтасар:
Устод Саидмуҳаммад Одинаев олими шинохта ва мутахассиси маъруф дар соҳаи назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи назарияи статистикии ҳолати моеъи моддаҳо, муаллифи беш аз 200 мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо буда, роҳбари илмии ғамхору нуктасанҷи насли нави физикдонҳои тоҷик, номзадҳо ва докторони илм мебошанд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатии беш аз 60 сола хизматҳои шоистаи устод С.Оинаев бо як қатор унвонҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ гардида, дар навбати хеш устод дар рушди илму маорифи кишвар бо фаъолияти созандаи худ саҳми назаррасу бунёдӣ гузоштаанд. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1975), доктори илмҳои физикаю математика (1995), сазовори ордени “Шараф” дараҷаи 2 (2004), директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ (1999-2001), Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2001), ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (2001-2005), академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2008), ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008-2016), аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2010), сазовори унвони “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон” (2019), устоди нуктасанҷу хоксор ва инсони комил.