Санаи 30-юми октябр дар Муассисаи давлатии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар оғози маросим муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмун Дилрабо Сайдулло Мансурӣ баромад намуда, оид ба ҷамъбасти даври хотимавии Озмун маълумот доданд ва дар хотима ғолибонро аз номи ташкилкунанда ва сарпарасати Озмун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, барояшон дар фаъолияти илмию ташкилӣ барору муваффақиятҳо таманно намуданд.
Сипас, маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» оғоз гардида, ҳамчунин бо барномаҳои фароғатӣ ҳусни маросим рангин гардид.
Имсол кормандони Институти физикаю техника дар Озмун бо тайёрӣ ва ғайрати калон иштирок намуда, магистри курси дуюми Институт Акбарова Саида дар номинатсияи Физика ва астрономия сазовори ҷойи сеюм ва мудири лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият Одинаев Фатҳулло аз номинатсияи Ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи аввал гаштанд. Ҳайати кормандони Институт ҳар дуи ҷоизадоронро бо камоли эҳтиром аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору фаъолияти меҳнатию эҷодию зиндагиашон муваффақиятҳоро таманно доранд. Ҷоизаҳо муборак бошад!!!