Home Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ

by usto
САДРИДДИН АЙНӢ

Садриддин Айнӣ (1878 — 1954) (порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти советии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997).

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт. Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст. Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид.

Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» – и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист. Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст.

 Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад. Устод Садриддин Айнӣ соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст : 1.Таълим дар мактабҳои усули нав. 2.Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб- ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд.

Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзиб-ус-сибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр шуд. Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби кӯҳна танҳо кӯр – кӯрона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд. Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд.

Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд. Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.

Эҷодиёти устод

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. . Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд.

Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишт. Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст. Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст. Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад. Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад.

Мероси адабӣ ва илмии устод

  • “Таърихи инқилоби Бухоро (китоб)” (1920)
  • “Ҷаллодони Бухоро” (1920).
  • Повести “Одина” (1924)[7];
  • романи “Дохунда” (1927-1928, соли 1930;
  • романи “Романи Ғуломон” (1934);
  • повести “Марги судхур” (1937, нашри коркарда баромадашуда (соли 1953);
  • “Ятим” (1940);
  • “Ёддоштҳо” (дар 4 китоб).
  • Асарҳои ӯ дар “Куллиёти Айнӣ” иборат аз 15 ҷилд нашр шудааст.
  • “Мактаби кӯҳна” ;

Мукофоту ҷоизаҳо

Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Айнӣ

  • бо се ордени Ленин,
  • ду «Байраки Сурхи меҳнат»,
  • медалу ифтихорномаҳо,
  • Ҷоизаи давлатии СССР (1950) мукофотонида шудаааст.
  • Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
  • Ордени «Буюк хизматлари учун» (Ӯзбекистон)

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.