Home СЕМИНАРИ ИЛМӢ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ

by usto

Таърихи 12.08.2020 дар толори асосии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор шуд. Дар он директори институт Фарход Шокир, академик С. Одинаев ва дигар олимону унвонҷӯён, аспирантон ширкат доштанд. Дар кори семинар рисолаи диссертатсионии унвонҷӯ Луғмонова Ш.О. дар мавзӯи “Таҳқиқоти тағйирёбии хусусиятҳои метеорологӣ, оптикӣ ва микрофизикии атмосфера пеш аз заминҷунбӣ”  баррасӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки чунин семинарҳо дар институт мунтазам гузаронида шуда, дар кори он олимону увонҷӯёну аспирантону магистрантон мақолаҳоеро, ки мехоҳанд дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии кишвар ба монанди “ Ахбороти АМИТ” ва “Маърӯзаҳои АМИТ”  нашр намоянд аввал дар назди олимону мутахассисон маррифӣ мекунанд ва агар мақолаҳо дар ҳақиқат ба талаботҳои маҷаллаи илмӣ ҷавобгӯ бошанду масъалаҳои мубрами соҳавиро дар бар гиранд, нашри онҳо иҷозат дода мешавад. Аспирантону унвонҷӯёну PhD докторантон низ пеш аз пешниҳоди рисолаҳои номзадиашон ба Шӯрои диссертатсионии институт дар семинар баромад мекунанд, инчунин олимон аз навовариҳою таҳқиқотҳову кашфиётҳои  хеш маърӯза мекунанд.

Гузаронидани чунин семинарҳо барои баланд бадоштани сифати таҳқиқотҳо, ғанӣ гардонидани донишу малакаҳои илмии олимони ҷавон хеле мусоидат мекунанд, чунки дар рафти семинар баҳсу мунозираҳои ҷолиби илмӣ ба амал меоянд ва олимони соҳа фикру андешаҳои илмии худро оиди ин ё он таҳқиқотҳо  баён медоранд. Дар семинар натанҳо олимону соҳибилмон аз худи институт, балки меҳмонон аз дигар муассисаҳои олии таълимии кишвар ва хориҷи он ширкат меварзанд.