Home Таҳқиқоти илмии лабораторияи физикаи атмосфера

Таҳқиқоти илмии лабораторияи физикаи атмосфера

by usto

Фаъолияти асосии самти тадқиқоти илмии озмоишгоҳ ба соҳаҳои физикаи атмосфера экология климаталогия ва фотоакустика равона шудааст. Дар озмоишгоҳ таҳқиқи тавсифҳои оптики, тавсифҳои микрофизики ва ҳамчунин хосиятҳои химиявии ифлосии аэрозолии атмосфера, ки дар натиҷаи бӯҳрони чанги дар ҷануби Тоҷикистон пайдо мегардад, омӯхта шудааст. Дар натиҷа ҳодисаи ҳароратии ифлосшавии аэрозолии атмосфера дар даври бӯҳрони чанги ошкор карда шуд. Тавсифҳои радиатсионии атмосфера омӯхта шуданд. Консентратсияи массавӣ ва функсияи тақсимоти ифлосии аэрозоли, ҳангоми бӯҳрони чанги тадқиқ карда шуд.

         Тадқиқи намунаҳои аэрозоли чанг ва хок бо тарзи ИК спектроскопия, флуориметрии лазерӣ, спектроскипии фотоакустики ва иникоси диффузиони гузаронида шуд. Таҳлили тағйирёбии тавсифҳои метерелогии атмосфера дар шароити ариди (Репетак, Байрамали, Термез) ва субариди ( Юохтар, Душанбе) дар давраҳои 2005-2018 амали карда шуд. Миқдор ва довомнокии бӯрҳонҳои чанги дар минтақаҳои интихобшуда муайян шуд. Ҳодисаҳои ҳарорати барои саҳнаҳои гуногуни бӯҳронҳои чанги омӯхта шуд. Механизми микрофизикии таҳшинии зуди аэрозол дар шароити инверсияи назди заминӣ робита ба ташаккулёбии ҳуҷайраҳои конвективӣ бо механизми диффузияи дубора муайян шуд. Исбот шуд, ки аномалияи шаффофияти оптики, рутубат ва андозаи зарраҳо дар атмосфераи чангшуда ба конденсатсияи буғ дар ҳуҷайраҳои конвективӣ дар атмосфераи стратифитсияшуда ташкилшуда вобастаги дорад.

ЛОИҲА ВА ГРАНТҲО

Дастовардҳо:

Диссертатсияҳои ҳимояшуда: 2 диссертатсияи доктори – Мадвалиев У. ва Абдуллаев С. Ф., 3 диссертатсияи номзадӣ- Шарифов Ҷ.М., Маслов В.А., Қодирова Х.

Ходимони озмоишгоҳ дар экспидитсияи байналхалқии оид ба омӯхтани Арктика солҳои 1986-1987, дар Таҷрибаи байналмиллалии сайёравии газо-аэрозолӣ дар КИТ “ Академик Каролев” соли 1987 фаолона иштирок намуданд. Моҳи сентябри соли 1989 аз тарафи ходимони илмии  озмоишгоҳ таҷрибаҳои ҳамҷояи Советӣ-Америкои оид ба омӯзиши аэрозолҳои ариди дар Тоҷикистон ташкил гузаронида шуд.

Ҳамчунин ходимони озмоишгоҳ бо иштироки олимони Осиёи Маркази ва Россия бо дастгирии маркази байналмилалии илми техникии (МБИТ) соли 2012 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалї ташкил ва гузаронида шуд.

Ходимони Озмоишгоҳ дар ташкил ва гузаронидани конфронси байналхалқии Осиёи Маркази оид ба Чангу Ғубори Осиёи Миёна дар ҳамкори бо институти тадқиқотҳои тропосферии ба номи Лейпнис (шаҳри Лейпнис, Олмон, 08-12уми апрели 2019) бо иштироки бештар аз 80 нафар олимон аз 17 мамлакат бо дастгирии молиявии фонди Волсваген (Олмон) фаолона иштирок намуданд.

Ходимони ЛФА С.Ф. Абдуллаев, Б.И. Назаров, В.А. Маслов бо мукофоти Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.У. Умаров соли 2019 барои маҷмуи монографияҳои оид ба физикаи атмосфера, ки солҳои 2015-2017 интишор ёфтаанд қадрдони карда шуданд.

Барои таҳқиқи ташкилдиҳандаҳои аэрозолии атмосфера методҳои ИК ва спектроскопияи фотоакустики, флуориметрияи лазери, методи инъиоки диффузиони, таҳлили элементи ва изотопи ва ҳамчунин маълумотҳои сайтҳои AERONET, HYPSLIT, MODIS истифода шудаанд. Барои ҳалли масъалаҳои мониторинги бефосилаи дарозмуддати заррачаҳои аэрозоли РМ2.5  дар атмосфера буда ва ҷамъи маълумотҳо (база данных) оид ба ченкунии таркиби аэрозолҳои Душанбе, намунагираки автоматии ҳаҷмаш хурди MVS6D D-10623 (Berlin, Germany Kleinfiltergerät) дар марзи полигони мониторинги атмосферии ЛФА ИФТ ба номи С.У. Умарови А.И.Ҷ.Т. дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст(=380 33′N, λ=68047′E, h=869 м над у.м.). Ҷамъи намудани заррачаҳои аэрозоли бо намунагираки суръаташ 2,3л/дақ, дар филтрҳои стандартии фильтрах Whatman (диаметраш 47 мм, андозаи ковокиҳояш ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупои мувофиқ) бо интервали ҷамкунии 24 соат дар ҳар 3 рӯз гузаронида мешавад.

Маводҳои тадқиқотии озмоишгоҳ ба ҳисоботи озмоишгоҳи ЛФА ИФТ ба номи С.У. Умарови АИҶТ. дар соли 1986-2015 ва ба ҳисоботи маркази илми техникии байналхалқи (лоиҳаи Т-1688 ва Т-2076) ворид шудааст. Аз тарафи Озмоишгоҳ 7 мавзӯҳои буҷавӣ 1976-2015, 2 лоиҳи МБИТ солњои 2009-2016 ва бо лоиҳаи фонди президентии таҳқиқоти бунёди 2014-2016 ва лоиҳаи ҳамҷояи Олмон- Тоҷикистон оид ба тадқиқоти аэрозоли чанги бо институти тадқиқотии тропосферии ба номи Лейпнитс (Олмон) Осиёи Марказӣ (CADEX) (2014-2016) бо мувафақият иҷро карда шудааст.

ЛОИҲАҲО, ГРАНТҲО ВА ШАРТНОМАҲО

Ходимони озмоишгоҳ дар иҷроиши ҳалии масъалаҳо дар лоиаҳои зерин иштирок намуданд:

  1. Лоиҳаи МБИТ Т-1688. Мавзуи лоиҳа “ Таҳқиқи таҳсири ифлосшавии аэрозолии атмосфера дар натиҷаи бӯҳрони чангӣ ташкилшаванда ба тағйирёбии  иқлим” Лоиҳа барои маблағгузори аз тарафи Иттиҳоди аврупо маъқул дониста шуд. Давомнокии лоиҳа 36 моҳ буд ва аз 01 майи соли 2009 шурӯъ ёфтааст. Натиҷаҳои лоиаҳои иҷрашуда дар Тоҷикистон дар AERONET NASA дастрас аст. Лоиҳа ба таҳқиқотҳои ифлосшавии атмосфера ва таъсири он ба тағйиребии иқлим бахшида шудааст.
  2. Лоиҳаи МБИТ Т-2076. Мавзуи лоиҳа “ Мониториги интиќоли изотопҳои чангу ѓубор дар қисми Ҷанубу- марказии Тоҷикистон ва хазинаи партовгоҳи коркарди маъдани Урани Тоҷткистони шимолӣ”. Лоиҳа аз тарафи ИМА маблағгузори карда шуд. Лоиҳа 36 моҳ давом ёфт ва аз 01 октябри соли 2013 шурӯъ шуд. Лоиҳа ба таҳқиқоти изотопии таркиби элементи ва молекулярии аэрозол ва хоки Тоҷикистон бахшида шудааст.

Маълумоти кӯтоҳ оиди масъалаҳо ва натиҷаҳои лоиҳаҳои МИТБ-ро дар сайти МБИТ дасрас кардан мумкин: http://www.istc.in

  • Лоиҳаи CADEX. Соли 2014 шартнома оид ба таҳқиқотҳои ҳамҷояи байни ИФТ ба номи С.У. Умарови АИҶТ ва институти тадқиқотии тропосферии ба номи Лейпнитс (Олмон) дар чорчубаи лоиҳаи таҷрибаи чангии Осиёи Маркази (Central Asian DUST Experiment –CADEX) баста шуд. Ҳангоми иҷроиши лоиҳа дар марзи полигони  мониторинги атмосферии ЛФА ИФТ ба номи С.У. Умарови АИҶТ лидари семавҷаи «POLLY»  ҷойгир карда шуда мушоҳидаи бефосилаи лазерии қабатҳои наздизаминии атмосфера аз 01,04,2015 то 10,10,2017 гузаронида шуд.

Маълумоти пурра оид ба лоиҳа дар сайтҳои зерин оварда шудааст:

http://www.tropos.de/en/research/projects-infrastructures-technology/research-projects/cadex-home/
http://polly.rsd.tropos.de/lidar/lidarzeit.php?Ort=Dushanbe&Anzeigejahr=2015&lambda=532&lidar=PollyXT_TROPOS
http://polly.rsd.tropos.de/lidar/bilder.php?lidar=PollyXT_TROPOS&lambda=532&Jahr=2015&Monat=4&Tag=3&Ort=Dushanbe#bildanker

This image has an empty alt attribute; its file name is Фото-1.png
This image has an empty alt attribute; its file name is Фото-2.png
This image has an empty alt attribute; its file name is Фото-3.png

4. Лоиҳаи Президентӣ оид ба тањқиқоти бунёдӣ дар мавзӯи “Таркиби элементҳои хоки минтақаи Корхонаи муштараки давлатии” Ширкати Алюминийи Тоҷик “(2014-2016)

5.Лоиҳаи Президентӣ оид ба тањқиқоти бунёдӣ дар мавзӯи  Таҳқиқоти ифлосшавии гиёҳҳои шифобахш бо металлҳои вазнин (2019-2020)

6. Силсилаи лоињањои Оҷонси Байналмилалии Энергияи атомӣ (МАГАТЭ)

Лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER1008 TC (2012-2013)

Лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER1013 TC (2014-2015)

Лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER1015 TC (2016-2017)

Лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER7011 TC (2018-2019)

Лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER7012 TC (2020-2021)

Ҳамкории илмии ЛФА ИФТ АИҶТ ба номи С.У. Умаров:

Ҳамкории маҳаллӣ:

Донишгоњи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Гафуров,

Донишгохи Давлатии Кулоб ба номи А.Рудаки

Шўъбаи Душанбегии Донишгоњи Давлатии Москва

Факултаи физикаи ДМТ

Хадамоти Геофизикии АИ ЉТ

Агентии обухавошиносии ЉТ

Агентии амнияти ядрои АИ ЉТ

Ҳамкории байналмилалї:

1. Маъмурияти миллии аэронавтика ва кайҳон (NASA) Маркази парвоз дар Goddard AERONET Network (ИМА),

2.LOA-PHOTONS гурӯҳи  Universite Des Science and Technologies Lille Laboratoire d’Optique Atmospherique Проф. Филипп Голуб (Фаронса),

 3. Институти Тањќиќотњои Тропосфераи Олмон, Лейбниц (TROPOS)

4. Лабораторияи калидии тағирёбии иқлими минтаќаи хушки Вазорати маориф ва Коллеҷи илмҳои атмосфера, Донишгоҳи Ланчжоу

5. Институти таҳқиқоти платои Тибет, Академияи илмҳои Чин  Пекин, Хитой

6.Институти физикаи атмосфера, Академияи илмҳои Чин. Пекин

7. Лабораторияи калидии илмии криосфера Институти шимолу ғарбии муҳити зист ва захираҳои экологӣ ва Маркази такмили CAS оид ба Илмҳои Замин Тибет ва Донишгоҳи Академияи илмҳои Чин (UCAS) Академияи илмҳои Чин

8. Лоиҳаи Фаъолиятҳои ҳамгироии ACTRIS-2 (IA) аз барномаи тадқиқот ва навовариҳои Иттиҳоди Аврупо Horizon 2020

9. Коллељи илмњои оптикї ва муњандисї, Донишгоњи Зеджанг,Чин

10.  Дар доираи лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER7011 TC, љаъм  намунаи аэрозоли андозааш то 2.5 мкм (РM 2.5) дар ҳамкорӣ бо:

10.1. Маркази байналмилалии Вена, Vienna, Австрия

10.2. Маркази Миллии Тадқиқотҳои Илмии “Демокритос” Гресия

10.3.Институти физикаи амалии ядроӣ; Донишгоҳи Тирана ,Албания

10.4. Донишкадаи ҷумҳуриявии гидрометеорологӣ  БОСНИЯ ВА ХЕРЦЕГОВИНА

10.5. Институти миллии метеорология ва гидрология; Академияи илмҳои Булғория София,Булғория

10.6. Вазорати муҳити зист, банақшагирии ҷисмонӣ ва сохтмон, Загреб, Хорватия

10.7. Институти тадқиқоти тиббӣ ва ҳифзи меҳнат Загреб, Хорватия

10.8. Институти Кипр Никосия Кипр

10.9. Институти таҳқиқоти ядроӣ – Маҷористон (Атомки) Маљористон

10.10. Агентии ҳифзи муҳити зист Вилниус Литва

10.11. Агентии ҳифзи муҳити зист (EPA); Вазорати сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист , Монтенегро

10.12. Вазорати Рушди Устувор ва Туризм Монтенегро

10.13. Вазорати муҳити зист ва банақшагирии ҷисмонӣ Македонияи Шимолї

10.14. Донишгоҳи Илм ва Технология; Факултаи физика ва информатикаи компютерӣ , Краков , Лањистон

10.15. Кампус Tecnológico e Nuclear ПОРТУГАЛИЯ

10.16. Агентии экологӣ Ҷумҳурии МОЛДОВА

10.17. Агентии Миллии Ҳифзи Муҳити Зист Бухарест ,Румия

10.18. Институти илмҳои атомии, Сербия, Белград

10.19. Институти Джозеф Стефан, Любляна, Словения