Home Ҳамкориҳои байналмилалии МОТМБЭ

Ҳамкориҳои байналмилалии МОТМБЭ

by usto

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШ ВА ТАДБИҚИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С.У. УМАРОВИ АИ ҶТ

Яке аз самҳои афзалиятнок Марказ равнақи ҳамкориҳо бо  ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон мебошад.

Кормандони Марказ Кабутов К., Ботуров К. ва Алидодов Т. барои иштирок дар таҳияи ва пешниҳоди лоиҳа даъват карда шуданд:”Гузаронидани сиёсати таҳқиқот , баҳодиҳӣ ва ҷамъоварии маълумот дар бораи технологияҳо/маҳсулоти RES/ AES GET (Технологияи Энергияи сабз) ва маҳсулнокии сарфаи энергия,  расонидани хизматрасонии амалӣ ва талаботи бозор дар байни истифодабарандагони хидматрасониҳои энергетикӣ ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) бо эҳтимолияти афзоиш Бозори энергетикии сабз ва рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон

Лоиҳаи Барномаи Созмони Миллали Мутаҳид “Гузаронидани баҳодиҳии кишвар оид ба рушди энергияи сабз ва рушди соҳибкории хурд ва миёна”

Дар рафти таҳия ва пешниҳодоти лоиҳа ҳисобот дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия тайёр карда шуд. Кормандони марказ пурсишномаҳои ҷонибҳои асосии манфиатдорро (мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ ва бахши хусусӣ) оид ба ин пешниҳоди лоиҳа гузаронданд ва баҳодиҳии кишварро оид ба рушди энергияи сабз ва инчунин рушди корхонаҳои хурд ва миёна гузаронданд.

Кормандони марказ инчунин дар ҷамъоварии маълумоти иҷтимоию иқтисодӣ дар бораи баҳодиҳии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО-и Себзор иштирок карданд.

Бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи “Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон баргузор шуад. Дар ин вохӯрӣ Кабутов К., Ботуров К. ва Алидодов Т. даъват карда шуданд.

Истгоҳҳои гармидиҳии яклухт (тибқи лоиҳа ва дастгирии молиявии Бунёди Оғо Хон) ва нақшаи дуконтура (тибқи лоиҳа ва дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо) марказҳои гармидиҳӣ барои таъминоти оби гарм таҳия, истеҳсол ва ба истифода дода шуданд. Ҳар гуна намудҳои тафдонҳои офтобӣ ва системаҳои биогазии сохти гуногун истеҳсол карда шуданд. Се консепсия оиди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таҳия карда шуда, ба Барномаи “Хазинаи маблағгузории иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон пешниҳод гардида, мавриди омӯзиш қарор доранд.