ТАШКИЛОТИ БАЗАВИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР СОҲАИ ОМОДАНАМОИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ АЗ РУЙИ ИЛМҲОИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА
Дар замони муосир, яке аз самтҳои калидии пешравии кишварҳои ҷаҳон – рушди раванди таҳқиқот ва таълим дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад, зеро таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки илмҳои мазкур ҳамчун асоси дастовардҳои инноватсионии кишварҳои ҷаҳон ва баланд баровардани некӯаҳволии шаҳрвандони онҳо мавқеи марказӣ ва аслии хешро ишғол намуда истодаанд. Вобаста ба ин, боиси қаноатмандии мо кормандони соҳаи илмҳои дақиқ мебошад, ки ҳанӯз интиҳои соли 2019 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуданд. Ин иқдоми неки Сарвари давлат дар кушодани роҳҳо ва имкониятҳои нави раванди камолоти насли наврас дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва ҳам ба омодаву рақобатпазир ва боз ҳам баланд шудани сатҳи фарҳанги техникии шаҳрвандони кишвар нисбати динамикаи ҷаҳони имрӯзаи иттилоотӣ такон бахшид.
Дар ин самт, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаклҳои гуногуни рушди илмҳои дақиқ тариқи кор карда баромадани лоиҳаҳои инноватсионӣ, стратегияҳову барномаҳои давлатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ бо дарки ин воқеъияти ҷаҳони муосир аз ибтидои таъсисёбии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба рушду устувории равандҳои муттаҳидшавӣ дар соҳаи илм аҳамияти махсус дода мешавад. Вобаста ба ин соли 2007 дар Дурнамои рушди минбаъдаи ИДМ ба вуҷуд овардани фазои умумии илмӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ ҳамчун масъалаи асосии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ муайян карда шуд. Дар ин асос, дар чаҳорчӯбаи ИДМ баҳри рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ як қатор сохторҳои байнидавлатӣ таъсис дода шуда, амал намуда истодаанд. Аз ҷумла, Шўро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ, Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ ва Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозии иттилооти илмӣ-техникиро номбар намудан мумкин аст, ки дар самтҳои афзалиятнок ва аз ҷиҳати стратегӣ муҳими давлатҳои аъзои ИДМ ҷавобан ба чолишҳои ҷаҳони муосир бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд.
Аз ин сохторҳои дар миқёси ИДМ таъсисдодашуда ва амалкунанда, масъалаҳои соҳаи рушди илмҳои дақиқ ва умуман рушди алоқаҳо байни олимон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бештар аз ҷониби Шўро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ (Шӯро) баррасӣ ва ҳаллу фасл мешаванд. Ёдрас менамоем, ки ҳанӯз санаи 19 майи соли 2011 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар ш. Минск баргузор гардид Созишнома доир ба таъсиси Шўрои мазкур аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ имзо шуда буд. Тибқи Низомномаи Шӯро ба ҳайати он сарварони Академияи илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ё дигар шахсони ваколатдори давлатӣ дохил буда, раисии Шӯро пайдарпай аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ амалӣ мегардад. Аз ҷумла солҳои 2017-2018 раисии Шӯро аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон, солҳои 2018-2019 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2020 аз ҷониб Федератсияи Россия ва ҳоло барои давраи ҷорӣ – солҳои 2020-2021 раисии Шӯро дар ҷаласаи VIII-уми Шӯро аз санаи 24 сентябри соли 2020 ба зиммаи Ҷумҳурии Белоруссия вогузор шудааст.
Иҷрокунандагони асосии барномаҳои рушди илмӣ-техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии дилхоҳ кишвари ҷаҳон кадрҳои баркамоли илмӣ ва мутахассисони касбии техникӣ мебошанд. Бинобар он, масъалаи омода намудани кадрҳои рақобатпазири илмӣ-техникӣ яке аз вазифаҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, таҷрибаи давлатҳои аъзои ИДМ нишон дод, ки яке аз воситаҳои самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи омоданамоӣ ва баланд баровардани сатҳи касбии кадрҳо дар соҳаи илмҳои бунёдӣ – ташкилотҳои базавии миқёси ИДМ мебошанд. Вобаста ба ин бо ташаббуси Шӯро, соли 2017 таъсисёбии ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ дар 2 самти мубрами ҷаҳони имрӯза – физика ва физикаю техника ба нақша гирифта шуд. Ҷавобан ба ин ташаббуси Шӯро аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳодҳо ворид гардиданд. Дар ин ҷараён, ба Кумитаи иҷроияи ИДМ аз ҷониби узви Шӯро, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ низ баррасии масъалаи ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров дода шудани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника пешниҳод гардид (мактуби аз санаи 01.03.2018) ва санаи 12 апрели соли 2018 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳоди мазкур барои баррасӣ қабул шуд. Аз ҳамон лаҳза, дар давоми беш аз дуюним сол кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров бо мусоидати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар зинаҳои таҳлилу ташхиси потенсиали зеҳнии кадрӣ ва имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва техникӣ, ки дар ҷаласаҳои Шӯроҳои экспертӣ ва гурӯҳҳои кории Кумитаи иҷроияи ИДМ баррасӣ мешуданд иштирок намуда, муҳим будани бандҳои Низомномаи ташкилоти базавиро асоснок намуд. Аз ҷумла ёдрас карда шуд, ки новобаста аз душвориҳои бо сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар соҳаи илми кулли давлатҳои аъзои ИДМ ба миён омада, олимону мутахассисони соҳаи физикаю техникаи кишвар сатҳи илмиро нигоҳ доштанд ва дар ҳолати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар миқёси ИДМ саҳми арзандаи хешро дар масъалаи умумӣ – дар ҳамдастӣ ба илми ҷаҳонӣ рақобатпазир намудани соҳаи физикаю техникаи ИДМ гузошта метавонанд.
Аз ҷумла санаҳои 28-29 ноябри соли 2019 дар Раёсати Академияи илмҳои Россия (ш.Москва) вобаста ба таҳлили умумии Низомномаи ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника ҷаласаи VII-уми Шӯро баргузор гардид, ки дар он бо пешниҳоди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон директори ИФТ ба номи С.У.Умаров дар ҷаласа иштирок намуда, муҳим ва мубрам будани ҳар яке аз бандҳои Низомномаи мазкурро асоснок намуд. Ҳамчунин санаҳои 12-13 феврали соли 2020 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ (ш.Минск) ҷаласаи гурӯҳи экспертӣ оид ба мувофиқа намудани Низомномаи ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника баргузор гардид, ки дар ин зина низ директори ИФТ ба номи С.У.Умаров оид ба имкониятҳои институт дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника ва дурнамои ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илмҳои физикаю техника маърӯза намуда, дар муошират бо коршиносони Кумитаи иҷроияи ИДМ ба саволҳои гузошташуда ҷавобҳои асоснок пешниҳод намуд.
Ниҳоят, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 10 декабри соли 2020 – Қарор оид ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дода шудан мақоми “Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника” қабул гардид. Бояд зикр намоем, ки дар ҷаласаи мазкур Қарор оид ба 2 муассисаи илмӣ таҳқиқотии ИДМ қабул гардид, ки мувофиқи он:
- ба Институти физикаи ба номи П.Н.Лебедеви Академияи илмҳои Россия (ФИАН) – мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика;
- ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника;
дода шуд.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки то қабул шудани Қарори мазкур санаи 10 декабри соли 2020 дар миқёси ИДМ мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар умум ба 86 адад институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва сохторҳои дигари давлатӣ дода шуда буд, ки аз ин теъдод фаъолияти танҳо як муассиса дар самти илми кимиё, 4 муассиса дар самти энергетика ва бехатарии истгоҳҳои таҳқиқотии ядроӣ, 3 муассиса дар соҳаи саноат (ш.Москва) ба роҳ монда шуда, фаъолияти ташкилотҳои базавии дигар ба соҳаи илмҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳуқуқ бахшида шуда буданд. Яъне чӣ тавре, ки мебинем то ин вақт дар миқёси ИДМ теъдоди ташкилотҳои базавии ИДМ дар самти илмҳои бунёдии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле ночиз буда, за ҷумла, ягон ташкилоти базавӣ дар самти илмҳои физика ва техника вуҷуд надошт. Танҳо санаи 10 декабри соли 2020 бо Қарори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2 муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои физика ва физикаю техника соҳиби мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардиданд ва теъдоди ташкилотҳои базавии ИДМ ба 88 адад расид. Аз ҷумла, аз ин теъдод ҳоло 67 ташкилоти базавии ИДМ дар Федератсияи Россия, 12 ташкилоти базавии ИДМ дар Ҷумҳурии Белоруссия буда, 9 ташкилоти базавии дигар ҳоло дар Ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Украина мебошанд. Самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои базавии ИДМ аз ҷумла дар бар мегиранд:
- омоданамоӣ, бозомӯзӣ ва баланд баровардани тахассуси кормандон, муҳассилон ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва дигар сохторҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии давлатҳои аъзои ИДМ;
- гузаронидани таҳқиқоти ҳамҷояи илмӣ бо муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва дигар сохторҳои давлатҳои аъзои ИДМ;
- кор карда баромадани тавсияҳо вобаста ба ҳамоҳангсозӣ ва умумигардонии базаи меъёрӣ, омоданамоии лоиҳаҳои дахлдор, мубодилаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
- баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ;
- омода намудани маводҳои илмӣ, методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ғ.
Ҳоло ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба дар сатҳи баланд бурдани масъулияти нав ва ба таври самарабахш ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ дар мақоми ташкилоти базавии ИДМ фаъолияти хешро оғоз намуданд. Нақшаҳои бунёдӣ ва идеяҳои инноватсионии институт зиёданд ва умедвор ҳастем, ки онҳоро бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастуру роҳнамоии Ҳукумат ва Сарвари кишвар амалӣ намуда, бори дигар миллати олим ва тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.