Home Uncategorized Симпозиуми физикони Тоҷикистон

Симпозиуми физикони Тоҷикистон

by usto
Симпозиуми физикони Тоҷикистон

БАРНОМАИ СИМПОЗИУМИ ФИЗИКОНИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОМИЯИ Симпозиуми физикони Тоҷикистон

Таҷрибаи даҳсолаҳои охир бевосита нишон медиҳад, ки илми муосир, дар муқоиса бо илми асрҳои гузашта, бештар хусусияти иҷтимоӣ ва коллективӣ пайдо намудааст. Кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад. Ин амалия дар тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон ҳамчунин тавассути ҳамкории байналмилалии ҳам олимони алоҳида ва ҳам ҷомеаҳои илмӣ, лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, чорабиниҳои илмӣ – конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, нишастҳои техникӣ, мактабҳо ва ғайра ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон, яке аз роҳҳои самараноки ташкили ҳамкории қавии олимон ва мутахассисони соҳаи илми мушаххас дар ҳудуди кишварҳо фаъолияти ҷамъиятҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла – ҷомеаҳои физикӣ.

Дар ҷаҳони имрӯза, дар таҳқиқоти илмӣ ва корҳои ташкили илм як қатор ҷамъиятҳои физикӣ бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд, аз ҷумла:

  • Ҷамъияти физикаи Олмон (аз соли 1845)
  • Ҷамъияти физикаи Ҷопон (аз соли 1877)
  • Ҷамъияти физикаи Амрико (аз соли 1899)
  • Ҷамъияти физикаи Чин (аз соли 1932)
  • Ҷамъияти физикаи Аврупо (аз соли 1968)
  • Ҷамъияти физикаи Покистон (аз соли 1987)
  • Ҷамъияти физикаи Беларус (аз соли 1991)
  • Ҷамъияти физикаи Узбекистон (аз соли 1991)
  • Ҷамъияти физикаи Қазоқистон ва ғайра.

Инчунин қайд мекунем, ки соли 1989 Ҷамъияти физикии ИҶШС низ таъсис дода шуда буд ва нусхаи оинномаи он то ҳоло дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Баъдтар, соли 1990 дар заминаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ оинномаи Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон низ тасдиқ карда шуд ва ҷамъияти мазкур ба кор шурӯъ намуд. Аммо, бинобар оқибатҳои суқути ИҶШС дар соли 1991 ва давраи душвори солҳои 90-уми асри гузашта, Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон фаъолияти расмии худро муваққатан қатъ кард.

Имрӯз, ба шарофати талошҳо ва стратегияҳои муваффақонаи сиёсии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо дар шароити сулҳу осоишта ва оромӣ зиндагӣ дорем, ки заминаи ивазнашавандаи на танҳо ҷомеаи шаҳрвандии ҳамаҷониба рушдёфта, балки таҳқиқоти илмӣ ва ҳалҳои нави технологии инноватсионӣ бунёдӣ мебошад.

ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ аз соли 2019 бо Ҷамъияти физикаи Узбекистон ҳамкории зич дорад. Қайд мекунем, ки Ҷамъияти физикаи Ӯзбекистон дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мунтазам мактабҳо ва конференсияҳои васеи байналмилалии илмӣ баргузор менамояд ва дар онҳо даҳҳо физикони маъруф аз ИМА, Аврупо, ИДМ, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва ғайра иштирок мекунанд. Соли 2019 бо даъвати раиси Ҷамъияти физикаи Узбекистон, д.и.ф.м., профессор Д.Матрасулов, кормандони ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ дар ду мактаби байналмилалӣ, ки ҳар яке аз як то ду ҳафта баргузор гардид ширкат варзиданд. Яъне таъсири мукаммали фаъолияти ҷамъияти физикӣ дар ин мисол равшан аён аст, зеро пеш аз ҳама, муҳокимаи бевоситаи масъалаҳои илмӣ бо намояндагони мактабҳо ва ширкатҳои бузурги саноатӣ барои рушди илми кишвар аҳамияти назарраси амалӣ дорад. Илова ба ин, дар тӯли чанд рӯз олимон ва мутахассисон, ки аксарият намояндагони мактабҳои бонуфузи илмии байналмилаӣ ва ширкатҳои бузурги технологӣ мебошанд, имкон пайдо мекунанд, ки потенсиали ҳамкориро бо олимони варзида ва мутахассисони ҷавони мо амиқ ва воқеъбинона арзёбӣ намоянд. Яъне, баргузории чорабиниҳои амалии илмӣ барои бунёди лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ ва ҷалби технологияҳои нави инноватсионӣ ба илм, истеҳсолот ва саноати кишвар мусоидат намуда, бешубҳа самараи мусбӣ меорад.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи кишварҳоро таҳлил намуда, дар инситут қарор қабул карда шуд, ки соли ҷорӣ масъалаи барқарор кардани фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон дар заминаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ баррасӣ карда шавад. Бо ин мақсад, ба нақшаи чорабиниҳои илмии институт дар соли 2021 инчунин баргузории Симпозиуми физикони Тоҷикистон низ дар санаҳои 25-26 ноябр илова карда шуд. Дар ин ҳамоиш мавзӯи марказии ташкилиро масъалаи ягонагии физикони кишвар – эҳёи фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ба симпозиум ҳамчунин физикони тоҷикистонӣ низ, ки дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷаи наздик ва дур фаъолият мебаранд, даъват карда мешаванд. Қайд менамоем, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи ҷаҳонӣ, иштирок ва маърӯзаи ҳамватанони хориҷии мо, олимон ва мутахассисони соҳаи физикаю техника дар реҷаи видеоконференсия низ пешбинӣ мешавад. Фаъолияти илмӣ на танҳо дар ҳосил намудани донишҳои нави бунёдӣ, балки дар татбиқи бевосита ва амалии натиҷаҳои таҳқиқот дар саноат ва иқтисодиёти кишвар таҷассум меёбад. Эҳёи фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон, имконият медиҳад, ки бо истифода аз потенсиали умумӣ, дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ барои баланд баровардани сатҳи рақобатпазирии илми ватанӣ, алахусус дар пасманзари чолишҳои динамикаи ҷаҳони муосир саҳми бештар гузорем.

Мактуби иттилоотии якум САБТ КАРДАН

____________________________________________________________

Оид ба симпозиум дар воситаҳои ахбори омма

0 comment

Related Articles