Home Uncategorized Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика дар соли 2021

Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика дар соли 2021

by usto
Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика дар соли 2021

Ҷоизаи Нобел аз ҷониби Академияи илмҳои Шветсия дода мешавад. Дар маҷмӯъ Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика аллакай 114 маротиба дода шуда, то соли 2020 – 215 нафар барандаи он шудаанд, ки танҳо 4 нафарашон занон мебошанд. Аввалин лауреати мукофот соли 1901 олими олмонӣ Конрад Рентген буд, ки барои кашфи радиатсия мукофотонида шуда буд. Аз ин теъдод донишманди амрикоӣ Ҷон Бардин ду маротиба ба ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика сарфароз шудааст. Ҷавонтарин барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи физика Вилям Лоуренс Брегг буд: ӯ дар синни 25-солагӣ (1915) ин ҷоизаи бонуфузро соҳиб шуд. Кӯҳансолтарин лауреат физики амрикоӣ Артур Эшкин аст: ҳангоми гирифтани мукофот ӯ 96-сола буд.

Ҷоизаи Нобел дар риштаи физика дар соли 2021 ба олимони олмонӣ Клаус Ҳасселман, итолиёвӣ Ҷорҷо Париси ва амрикоии ҷопонӣ Шукуро Манабе дода шуд.

Донишманди олмонӣ Клаус Ҳасселман ва амрикоӣ Шукуро Манабе барои “Моделсозии физикии иқлими заминӣ ва таҳлили миқдории вариатсияҳо ва пешгӯии мӯътамади гармшавии глобалии иқлим” ҷоиза гирифтанд. Донишманди итолиёвӣ Ҷорҷо Париси ҷоизаро барои “Ифшои қонуниятҳои таъсироти мутақобилаи хаос ва флуктуатсияҳо дар системаҳои физикӣ, дар миқёси атомҳо то сайёраҳо” гирифт.

Клаус Хасселман моделеро офаридааст, ки обу ҳаво ва иқлимро бо ҳам мепайвандад. Усулҳои кор карда баромадаи ӯ барои исбот кардани он истифода бурда шуданд, ки баланд шудани харорат дар атмосфера аз партови гази карбон аз фаъолияти инсон ба амал меояд.

Шукуро Манабе нишон дод, ки чи тавр баланд шудани сатҳи гази карбон дар атмосфера боиси баланд шудани ҳарорат дар сатҳи Замин мегардад. Фаъолияти ӯ барои таҳияи моделҳои муосири иқлим замина гузошт.

Шукуро Манабе соли 1931 дар Ҷопон таваллуд шудааст. Олими чавони боистеъдод дар соли 1957 баъди гирифтани унвони доктори илми метеорология дар донишгоҳи Токио аз Ҷопони дар ҷанг харобшуда ба Штатҳои Муттаҳида рафта, дар он ҷо физикаи атмосфераро меомузад. Диққати асосии кори ӯ дар ин давра ҷустуҷӯи робитаи байни консентратсияи афзояндаи гази карбон дар атмосфера ва баландшавии ҳарорати ҷаҳон буд. Дар байни чизҳои дигар, Манабе як гурӯҳи нави моделҳоро таҳия кард, ки ҳаракатҳои амудии массаҳои ҳаво (конвексия) ва саҳми гармии гардиши ҷаҳонии обро ба назар гирифтаанд. Барои он ки компютерҳои он замон тавонанд бо ҳисобҳо тоб оваранд, Манабе модели худро ба як ҳолати якченака содда кард, ки ба сутуни 40-километрии ҳаво монанд аст. Ҳатто бо ин соддагардонӣ, садҳо соати вақти компютерӣ ва килограммҳо перфокартаҳо барои ҳисоб кардани бисёр ҳолатҳо сарф шуданд, ки ҳар кадоми онҳо консентратсияи гуногуни газҳоро дар атмосфера дида мебароянд. Натиҷаҳо ташвишовар буданд – тағйирот дар таркиби нитроген ва оксиген ба ҳарорат чандон таъсир намерасонд, аммо танҳо дучанд шудани миқдори СО2 (мӯҳтавои он, тибқи маълумоти охирин, 413 ppm) боиси баланд шудани ҳарорат гардид (якбора то 2° C).

Клаус Хасселман соли 1931 дар Гамбург таваллуд шудааст. Рисолаи худро соли 1957 дар Гёттинген бомуваффакият химоя менамояд, ки асосан ба гидродинамика бахшида шуда буд. Дар маркази тадқиқоти ӯ моделҳои математикии равандҳои мавҷҳо дар укёнус ва ҷараёнҳо буданд. Баъдтар ӯ ба Калифорния кӯчид ва кори худро ҳамчун океанолог дар Институти уқёнусшиносии Скриппс идома дод.

Ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, аз ҷузъҳои зиёд иборат аст, новобаста аз он ки шумо кадом миқёсро мегиред: он нуклонҳо, электронҳо, молекулаҳо ё ҷараёни ҳаво, ҷараёнҳои уқёнусҳо, материкҳо. Аксар вақт рафтор ва таъсири ин ҷузъҳо ба ҳамдигар комилан тасодуфӣ мебошанд. Ин мураккабӣ нофаҳмо менамояд – шуури инсон намедонад, ки чӣ тавр дар як вақт як миллион зарраҳо ё падидаҳои пешгӯинашавандаи элементариро ифода кунад. Илова ба ин, ҳатто барои суперкомпютерҳои пуриқтидор, моделсозии рафтори “танҳо” як миллион атом дар аксари формулаҳои мушкилот ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, ба шарофати кори ҷоизадорони имсола, олимон қонунҳои умумии чунин системаҳои хеле мураккабро хеле беҳтар фаҳманд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ҳолати онҳоро дар оянда пешгӯӣ карданд.

Таҳқиқот дар соҳаи моделсозии иқлим ва таъсироти мутақобилаи хаос ва флуктуатсияҳо – масъалаҳои физикаи системаҳои мураккаб мебошанд. Яъне соли 2021 Кумитаи Ҷоизаи Нобелӣ таҳқиқот дар соҳаи системаҳои мураккабро ҳамчун муҳимтарин дастоварди соҳаи физика арзёбӣ намуд.

Маросими тақдими ҷоиза 10 декабр, дар рӯзи даргузашти Алфред Нобел баргузор мешавад. Маблағи ҷузъи пулии ҷоизаи Нобел дар ҳар як номинатсия 10 миллион крон (бо қурби кунунӣ 1,53 миллион доллар) хоҳад буд.

This image has an empty alt attribute; its file name is image-1.png
Ҳолати атмосфера (ҳарорат, намнокӣ, фишор, боришот ва ғ.) дар муддат ва ҳудуди муайян
This image has an empty alt attribute; its file name is image-2.png
Ҳолати миёнаи атмосфера дар муддати тӯлонӣ ва ҳудуди муайян
This image has an empty alt attribute; its file name is image-3.png
Аттрактори Лорентс
This image has an empty alt attribute; its file name is image-4.png
Шишаҳои спинӣ – хулаҳои магнитии омехта (масалан, CuMn, AgMn, AuFe ва ғ.), яъне маводҳои ғайримагнитӣ, ки ба онҳо аз 0.1% то 10% ҷузъҳои маводи магнитӣ ворид карда мешавад
0 comment

Related Articles