Home Uncategorized ИТТИЛООТ ОИД БА БАРГУЗОРИИ Симпозиуми физикони Тоҷикистон

ИТТИЛООТ ОИД БА БАРГУЗОРИИ Симпозиуми физикони Тоҷикистон

by usto
ИТТИЛООТ ОИД БА БАРГУЗОРИИ Симпозиуми физикони Тоҷикистон

МАВОДҲОИ СИМПОЗИУМИ ФИЗИКОНИ ТОҶИКИСТОН (сабт кардан)

Дастовардҳои муосири чаҳони имрӯза далели он мебошанд, ки рушди илмҳои дақиқ яке аз воситаҳои нодиру бебаҳо барои баланд баровардани сатҳи иқтисод, саноат ва нуфузи кишварҳо дар миқёси байналмилалӣ буда, дастгирӣ ва тарғиби ҳамаҷонибаи самти мазкур яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи баланди фаъолияти созанда баҳри ободии инсоният мебошад. Вобаста ба ин, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи сарвари кишвар як қатор иқдомҳои бениҳоят муҳим дар ин самт амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», пешниҳод ва баргузор намудани аввалин Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” мисоли иқдомҳои созанда мебошанд, ки аз он на танҳо аҳли илм, балки кулли мардуми олими тоҷик бениҳоят қаноатманд мебошанд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади боз ҳам бештар мусоидат намудан ба равандҳои созандаи ҳукумати кишвар, санаҳои 25-26 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввалин Симпозиуми физикони Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади меҳварии баргузории чорабинии мазкур – эҳёи Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон мебошад. Зеро таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон бевосита нишон медиҳад, ки кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад.

Таҳлили муаммоҳои рушди илми физика дар миқёси ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои самараноки ташкили ҳамкории қавии олимон ва мутахассисони соҳа дар ҳудуди кишварҳо фаъолияти ҳамҷоя ва ҳамоҳанги илмӣ мебошад, ки дар шакли ҷамъиятҳои физикӣ амал менамоянд ва дар таҳқиқоти илмӣ имкониятҳои навро дар аксарияти кишварҳо ва ҳатто иттиҳоди давлатҳо ба вуҷуд оварда, бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд.

Ҳамин тавр, дар нахустин Симпозиуми физикони Тоҷикистон олимон-физикони кишвар аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, дар бахши илмӣ-ташкилии Симпозиум ташаббуси Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро вобаста ба эҳёи фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон якдилона дастгирӣ намуданд. Бояд қайд намоем, ки дар чорабинии мазкур физикон аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бевосита ташриф оварда, физикони тоҷик аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ низ иштирок ва баромад намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ бо мақсади изҳори якдилии иштирокчиён-физикони Симпозиум нисбати иқдомҳои созандаи ҳукумати кишвар баҳри рушди илмҳои дақиқ ва муаррифӣ намудани мавқеи созандаи намояндагони соҳаи физикаи кишвар ба ҷаҳониён – Эъломияи зерин қабул гардид:

ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С.У.УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОМИЯИ
Симпозиуми физикони Тоҷикистон
25-26 ноябри 2021с.

Санаҳои 25-26 ноябри соли 2021 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми физикони Тоҷикистон, бахшида ба 85-солагии академик Р. Марупов баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур олимон – физикони кишвар аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Ҳамчунин ба чорабинии мазкур физикон аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бевосита ташриф оварда, физикони тоҷик аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ иштирок ва баромад намуданд.

Дар симпозиум масъалаҳои мубрами физикаи муосир аз ҷумла дар самтҳои физикаи назариявӣ, системаҳои динамикӣ, муҳитҳои конденсӣ, нанотехнологияҳо ва маводҳои нав, масъалаҳои энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ, нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо, физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об, физикаи тиббӣ ва биологӣ, ҳамчунин масъалаҳои рушди илмҳои физикӣ ва техникии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши илми физика дар ҷомеаи муосир, нақши ҷамъиятҳои илмӣ дар ҷаҳони имрӯза баррасӣ гардиданд.

Таҷрибаи даҳсолаҳои охир бевосита нишон медиҳад, ки илми муосир, дар муқоиса бо илми асрҳои гузашта, бештар хусусияти иҷтимоӣ ва коллективӣ пайдо намудааст. Кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад. Ин амалия дар тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон ҳамчунин тавассути ҳамкории байналмилалии ҳам олимони алоҳида ва ҳам ҷомеаҳои илмӣ, лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, чорабиниҳои илмӣ – конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, нишастҳои техникӣ, мактабҳо ва ғайра рушд ёфтааст. Ҳамзамон, яке аз роҳҳои самараноки ташкили ҳамкории қавии олимон ва мутахассисони соҳаи илми мушаххас дар ҳудуди кишварҳо фаъолияти ҷамъиятҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла – ҷомеаҳои физикӣ.

Қайд мекунем, ки соли 1989 Ҷамъияти физикаи ИҶШС низ таъсис дода шуда буд ва нусхаи оинномаи он то ҳоло дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Баъдтар, соли 1990 дар заминаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ оинномаи Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон низ тасдиқ карда шуд ва ҷамъияти мазкур ба кор шурӯъ намуд. Аммо, бинобар оқибатҳои суқути ИҶШС дар соли 1991 ва давраи душвори солҳои 90-уми асри гузашта, Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон фаъолияти расмии худро муваққатан қатъ кард.

Имрӯз, ба шарофати талошҳо ва стратегияҳои муваффақонаи сиёсии сарвари кишвар, мо дар шароити сулҳу осоишта ва оромӣ зиндагӣ дорем, ки заминаи ивазнашавандаи на танҳо ҷомеаи шаҳрвандии ҳамаҷониба рушдёфта, балки таҳқиқоти илмӣ ва ҳалҳои нави технологии инноватсионии бунёдӣ мебошад.

Қайд мекунем, ки дар замони муосир ҷамъиятҳои физикаи аксарияти кишварҳо ва иттиҳодҳои ҷаҳон дар самти рушди таҳқиқоти илмӣ ва корҳои ташкили илм бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷумла ҷамъиятҳои физикӣ дар баргузории мактабҳо ва конференсияҳои васеи байналмилалии илмӣ саҳми назаррас доранд, ки дар онҳо махсусан муҳокимаи бевоситаи масъалаҳои илмӣ бо намояндагони мактабҳо ва ширкатҳои бузурги саноатӣ барои рушди илми кишварҳо аҳамияти назарраси амалӣ дорад. Илова ба ин, дар чорабиниҳои ҷамъиятҳои физикӣ олимон ва мутахассисон, ки аксарият намояндагони мактабҳои бонуфузи илмии байналмилалӣ ва ширкатҳои бузурги технологӣ мебошанд, имкон пайдо мекунанд потенсиали ҳамкориро бо олимони варзида ва мутахассисони ҷавон амиқ ва воқеъбинона арзёбӣ намоянд. Яъне, баргузории чунин чорабиниҳои амалии илмӣ барои бунёди лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ ва ҷалби технологияҳои нави инноватсионӣ ба илм, истеҳсолот ва саноати кишвар мусоидат намуда, аз ҷумла саҳми физикони кишварро дар амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар солҳои 2020-2040, рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа боз ҳам бештар менамояд ва бешубҳа самараи мусбӣ хоҳад овард.

Бинобар он, бо дарназардошти далелҳои қайдшуда аҳли иштирокчиёни Симпозиуми физикони Тоҷикистон тарафдор ва тасдиқ менамоянд, ки:

фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон дар заминаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барқарор карда шавад;
эҳёи фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон, бо истифода аз потенсиали умумӣ, дар ҳамкорӣ, аз ҷумла бо ҷамъиятҳои физикаи кишварҳои ҷаҳон барои баланд баровардани сатҳи рақобатпазирии илми ватанӣ, алалхусус дар пасманзари динамикаи замони муосир зарур ва саривақтӣ мебошад;
рушди ҳамкории илмӣ бо ҷамъиятҳои физикаи кишварҳои ҷаҳон барои боз ҳам мукаммал шудани алоқаҳои илмӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқоти ҳамҷоя бо марказҳои илмӣ-техникии байналмилалӣ мусоидат намуда, барои рушди илми физикаи кишвар имконият ва шароитҳои назаррас ба вуҷуд меорад;
рушд ва дастгирии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла самти физика, бо роҳи муттаҳид ва ҳамоҳанг намудани таҳқиқоти физикони кишвар бо марказҳои физикии ҷаҳонӣ, на танҳо барои баланд баровардани сатҳи дониш ва таҳқиқоти физикӣ, балки бевосита дар рушди саноат, ки нишондиҳандаи асосии нуфузи ҳар як кишвар аст ва расидан ба ҳадафи чоруми миллии стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд;
бояд ёдрас намоем, ки аксарияти дастовардҳои инсоният дар бистсолаи якуми асри XXI пеш аз ҳама натиҷаи таҳқиқоти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва аз ҷумла илми физика мебошанд, ки охирин дар ҷаҳони муосир мақоми муҳим дорад. Бинобар он, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки баҳри пойдории ободӣ ва фаъолияти бунёдиву созанда ҳар қадар бештару беҳтар барои рушди соҳаҳои мазкур мусоидат намоянд.

Иштирокчиёни
Симпозиуми физикони Тоҷикистон,
ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ,
25-26 ноябри соли 2021




ЛАҲЗАҲО АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ
АВВАЛИН СИМПОЗИУМИ ФИЗИКОНИ ТОҶИКИСТОН

Акси иштирокчиёни яке аз бахшҳои илмии Симпозиум
Оғози ҷаласаи пленарӣ
Маърӯзаи илмии д.и.ф.м., профессор, академики АМИТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, устод С.Одинаев
Маърӯзаи илмии д.и.ф.м., профессор, узви вобастаи АМИТ, устод Т.Х.Салихов
Маърӯзаи илмии д.и.ф.м., профессор С.Ф.Абдуллаев
Баромади д.и.ф.м., профессор Д.Қ.Солихов вобаста пос доштани хотираи олимони варзидаи кишвар ва эҳё намудани Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон
Маърӯзаи илмии н.и.т., дотсент С.Исломов (яке аз шогирдони д.и.т., академики АМИТ, устоди зиндаёд – Р.М.Марупов)
Баромади н.и.ф.м., устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, собиқ корманди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ Ф.С.Салоҳиддинов, вобаста ба боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои илмии олимон-физикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баромади маҷозии н.и.ф.м., устоди Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи илмҳои Россия – Х.Ф.Маҳмудов, вобаста ба масъалаҳои рушди илми физика дар Федератсия Россия ва зарурати дастгирии ҳамаҷонибаи эҳё ва ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон.
Олимон-физикони кишвар, иштирокчиёни ҷаласаи пленарии Симпозиуми физикони Тоҷикистон

Пешниҳодҳо, баҳсҳои илмӣ ва баррасии муаммоҳои физикӣ

Лаҳзаҳо аз маърӯзаҳои илмии физикони кишвар дар бахшҳои кории Симпозиум

Баррасии масъалаҳои ҳамкории илмӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

0 comment

Related Articles