Душанбе, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров,
21-22 октябри соли 2022
Рушди илм бе мубоҳисаи илмӣ, ҳамчун роҳи муҳокима ва ҷустуҷӯи ҳақиқати предмети таҳқиқот дар раванди таҳқиқи муаммоҳои илмӣ имконнопазир аст. Таҳқиқоти илмӣ ҷустуҷӯи хосиятҳои қаблан номаълуми олами воқеӣ мебошад, ки аз муҳаққиқ донишҳои бунёдӣ ва дар асоси онҳо пешниҳод намудани усулҳои устувору якмаънои ҳалли масъала, фарзияҳо ва исботи дурустии хулосаҳои илмии худро талаб менамояд. Ин вазифаҳо ҳамсафари доимии олимон буда, барои ҳалли онҳо равишҳо, усулҳо ва воситаҳои гуногуни таҳқиқот пешниход карда мешаванд, ки яке аз онҳо ба воситаи семинару симпозиумҳо, конференцияҳои илмӣ ба аҳли ҷомеаи олимон пешниҳод намудани натиҷаҳои таҳқиқот мебошад.
Дар кишвари мо барои таҳқиқоти илмӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст, ки ин пеш аз ҳама ба равандҳои тадрису таҳқиқот ҷалб намудани ҷавонони бофарҳангу боинтизом мебошад. Аз ҷумла, дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, теъдоди назарраси олимони ҷавон ҳангоми таҳсил дар мактабҳои олии хориҷӣ аз ҷониби фонди давлатӣ дастгирӣ шудааст.
Барои ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба ҷараёни асосии таҳқиқоти илмӣ, дар ИФТ АМИТ мунтазам семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ гузаронида мешаванд. Аз силсилаи чорабиниҳои илмӣ мақоми марказиро конференсияи байналмилалии «Муаммоҳои муосири физика» ишғол менамояд, ки соли ҷорӣ санаҳои 21—22 октябрь баргузор гардид. Ин чорабинии илмию ташкилӣ аз соли 2008 оғоз ёфта, ба таври анъанавӣ дар солҳои ҷуфт доир карда мешавад, ки дар он ҳар ду сол олимони соҳаи физикаю техника пажӯҳиши худро ба муҳокима пешкаш мекунанд.
Баҳсҳои илмӣ дар ин конференсия дар якчанд бахш баргузор гардиданд, оғоз аз физикаи атмосфера, тағирёбии иқлим ва энергияи таҷдидшаванда то пажӯҳиш дар риштаи муҳитҳои конденсӣ, нанотехнология ва маводи нав, физика ва технологияи ҳастаӣ, физикаи назариявӣ ва системаҳои динамикӣ. Ба конференсия зиёда аз 90 маводи илмӣ ворид шуд, ки дар онҳо маърӯзаҳои илмии олимони хориҷӣ аз муассисахои илмӣ ва таълимии Федератсияи Россия, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Португалия, Ҷумҳурии Халкии Хитой низ шомил буданд.
Дар рафти мубоҳисаҳои илмӣ хосиятҳои диэлектрикии маҳлулҳои обии электролитҳо, масъалаҳои сигналҳои фотоакустикии маводҳои сахт, динамикаи молекулавии падидаҳои наномиқёс дар таҳқиқи маводи доругӣ ва маводҳои нав, хосиятҳои фавқулноқилҳои як- ва ду-соҳавӣ, ташаккули объектҳои наноандоза дар монокристаллҳои кремний, усулҳои ҳисоб кардани сохтори электронии мавводҳои нанокомпозитӣ, моделсозии динамикӣ-молекулавии устувории сохтории перовскитҳо ҳамчун асоси унсурҳои офтобӣ, истифдоабарии комплексии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, моделсозии системаҳои квантӣ бо спини баланд, воридшавии чангу ғубор дар қисмати ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон; таҳлили консентратсияи ҷузъҳои карбон дар аэрозолҳои атмосфера, таҳқиқот оид ба консентратсияи металлҳои вазнин дар растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва хосиятҳои биологии металлҳои омӯхташуда, технологияи истифодаи антратсит барои истеҳсоли маводи карбонь, экспедитсияи илмии “Помир-2022”, ҳисобкунии коэффисиенти гармии хӯлаҳои алюминий, таъсири мутақобилаи дохилимолекулярӣ дар пайвастагиҳои гетеросиклӣ ва ғ. муҳокима шуданд, ки аз онҳо беш аз 20 маърузаи олимони хориҷӣ тариқи маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.