Home Uncategorized СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “Амсиласозии математикии сохторҳои локалишудаи динамикӣ ва топологии муодилаҳои таҳаввулии ғайрихаттӣ”

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “Амсиласозии математикии сохторҳои локалишудаи динамикӣ ва топологии муодилаҳои таҳаввулии ғайрихаттӣ”

by usto
СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “Амсиласозии математикии сохторҳои локалишудаи динамикӣ ва топологии муодилаҳои таҳаввулии ғайрихаттӣ”

Рушди илм барасӣ ва мубоҳисаи созандаи олимонро талаб мекунад, ки маъмулан  дар шакли ҳамоиш, конференсия, мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмӣ вобаста ба соҳаҳои илм баргузор мешаванд.

Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста семинарҳои илмӣ доир ба дастовардҳои ҷорӣ ва баррасии онҳо баргузор мешаванд. Аз ҷумла, санаи 24 феврали соли 2023 семинари илмӣ дар мавзуи “Амсиласозии математикии сохторҳои локалишудаи динамикӣ ва топологии муодилаҳои таҳаввулии ғайрихаттӣ” дар чаҳорчӯбаи таҳқиқоти фаъолияти илмии директори институт Ф.Шокир доир гардид. Мавзуи мазкур яке аз равандҳои мавзуи илмии сектори физикаи назариявии шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи институтро ташкил дода, ба таҳқиқ ва амсиласозии сохторҳои локалишудаи топологӣ ва динамикии муодилаҳои ғайрихатии таҳаввулии назарияи квантии майдон бахшида шудааст. Аз ҷониби иҷрокунандаи асосии самти илмии мазкур Ф.Шокир оид ба натиҷаҳои ба дастовардашуда дар ин самт ҳам дар соли ҷорӣ ва ҳам дар даҳсолаи охир маълумот дода шуд. Қайд карда шуд, ки вобаста ба мавзуъ рисолаи илмӣ омода шудааст, ки натиҷаҳои асосии он дар 3 монография, 12 Шаҳодатномаи муаллифӣ ва беш аз 100 мақолаю фишурдаҳои илмӣ инъикос ёфтаанд. Натиҷаҳои бадаст овардашуда хусусияти бунёдӣ дошта, аз ҷумла дар даҳҳо маҷалаҳҳои илмии хориҷӣ ба нашр расидаанд.

Лаҳзаҳо аз ҷараёни семинари илмии институт аз санаи 24.02.2023

0 comment

Related Articles