Home Uncategorized ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИМОН

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИМОН

by usto
ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИМОН

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИМОН
дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

аз санаи 16.03.2023

Санаи 16 марти соли 2023 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мубрами илмию техникӣ, методӣ ва идоравӣ ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид. Аз он ҷумла мукаммал намудани ҳайати кадрии институт бо олимону мутахассисони шинохта, баррасии ҷараёни иҷроиши нақшаҳои корӣ ва илмию таҳқиқотии семоҳаи якум аз ҷониби кормандон ва лабораторияҳои таҳқиқотӣ, баррасии раванди илмомӯзӣ, коромӯзӣ ва таҳқиқоти унвонҷӯёну докторантон ва магистрантони соли якум, баррасии маводи илмии барои нашр омодашуда ва ғ. мавриди баррасӣ қарор доштанд. Ҳамчунин

  • мавзӯъҳои илмии 2 унвонҷӯйи институт дар самти коркарди физикию химиявии ашёи хоми маҳаллӣ барои истифодабарӣ дар саноат ва сохтмон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд;
  • маводи илмии докторони илмҳои техникӣ [В.Н.Карпов] ва З.Ш.Юлдашев таҳти унвони “Нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикии системаҳои амалкунандаи техникӣ (муҳандисии кишоварзӣ)”, ки дар шакли монография омода шудаст, дар асоси хулосаи семинари илмии институт ва муқарризони расмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои нашр пешниҳод карда шуд.

Илова ба масъалаҳои ҷорӣ, ҳамчунин раванди амалишавии масъалаҳои мубрами сатҳи кишвар дар самти таҳқиқоти институт мавриди таҳлили дақиқ қарор гирифтанд, аз он ҷумла:

  • раванди иҷрои Нақшаи амали Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027, ки институт ҳамчун яке аз иҷрокунандагони бандҳои дахлдори он фаъолият менамояд;
  • лоиҳаи Консепсияи омӯзиш ва имконияти истифодабарии энергияи гидроген дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи институт таҳия шудааст.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, таъсиси лабораторияи инноватсионӣ бо дастгирии марказҳои илмии ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ бо олимон-физикдонҳои варзидаи сатҳи байналмилалӣ, ки барои омода намудани кадрҳои ҷавони кишвар саҳм гузошта истодаанд таҳлил карда шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Тибқи нақша соли ҷорӣ бо тавсияи олимони донишгоҳи ш.Токио ва дастгирии кишвари Ҷопон дар институт таъсис додани лабораторияи инноватсионӣ пешбинӣ шудааст. Илова ба ин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос барои кор бо таҷҳизоти муосири илмӣ ва коркарду ҳалли масъалаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ институт дар асоси ҳамкорӣ бо марказҳои илмии кишварҳои ҷаҳон пайваста коромӯзии кадрҳои ҷавонро дар лабораторияҳо таҳти роҳнаомии олимону мутахассисони варзидаи хориҷӣ ташкил менамояд.

Аз он ҷумла саҳми профессори факултети илмҳои бунёдӣ ва муҳандисӣ, директори Институти илмҳои муҳитҳои конденсии Донишгоҳи Васэдаи кишвари Ҷопон, доктори муҳандисӣ Т.Ямомоторо қайд намудан мумкин аст, ки аз ҷониби он кас дар тӯли 10 соли ҳамкорӣ бо институт ва физикдонҳои кишвар коромӯзии ҷавонони физикдони тоҷик дар кишвари Ҷопон бевосита дастгирӣ шуда истодааст. Илова ба ин таҷрибаҳои лаборатории рисолаҳои илмии як қатор аз олимони ҷавони кишвар таҳти роҳнамоӣ ва мусоидати бевоситаи профессор Т.Ямомото амалӣ гаштаанд.

Ҳоло институт раванди ҳамкории илмию техникиро ҳамчунин бо марказҳои илмии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва кишварҳои Аврупо низ рушд дода истодааст.

Лаҳзаҳо аз ҷараёни ҷаласаи васеи Шурои олимони институт аз санаи 16.03.2023 с.

0 comment

Related Articles