Дар ҷаҳони имрӯза яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини илму техника дар он аст, ки натиҷаҳои таҳқиқот имкон медиҳанд масъалаҳои мураккаб ва мубрами ҷомеаи муосир, аз ҷумла тариқи коркарди технологияҳои баланд такон додани равани рушди саноату иқтисодиёт, сатҳи таълиму донишандӯзӣ, беҳдошти саломатии аҳолӣ, ғизои солим ва оби тозаи ошомиданӣ, ҳавои тоза ва муҳити бехатар, татбиқи саросари имкониятҳои энергетикаи сабз ва ғайра ҳал ва натиҷаҳои он дар ҳаёти ҳарруза ба таври самаранок амалӣ гарданд. Аз ҷониби дигар, соҳаи илм низ ба инкишофи доимии ҷаҳонбинии илмию-табиатшиносӣ, таҳқиқоти илмӣ, ихтироот ва коркардҳои технологии сатҳи баланд эҳтиёҷ дорад, ки бевосита аз сатҳи илму донишандӯзӣ, мактабҳои илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобаста аст.
Бо дарназардошти ин далелҳо ва воқеияти ҷаҳони муосир бо мақсади таҳкими раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин рушди тафаккури техникии насли наврас ва ҷавонон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид, ки дар рушди соҳаи илми тоҷик саҳифаи навро боз намуданд.
Бо мақсади ба таври самарнок амалӣ намудани ҳадафҳои бистсолаи мазкур як қатор тадбирҳо баҳри баланд бардоштани дараҷаи таълим ва азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ андешида мешаванд. Аз ин ҷумла ташкил ва гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявиро номбар намудан мумкин, ки мақоми марказии онро дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ишғол менамояд. Озмуни мазкур бо фармони Сарвари кишвар ҳануз 11 феврали соли 2021, № АП-44 таъсис дода шуда, ҳадаф аз он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техника ва технология, тавсеаи ихтироъ ва навоварӣ, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён, донишҷӯён ва намояндагони дигар бахшҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ, инчунин ошкор ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин соҳаҳо мебошад.
Соли ҷорӣ соли сеюми озмуни мазкур ба ҳисоб рафта ҳоло омодагӣ барои баргузории даврҳои он дар ҳама муассисаҳои илмию таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷараён дорад. Дар ин маврид бояд зикр намоем, ки аз ибтидои таъсисдиҳии озмуни мазкур кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ ба таври доимӣ барои дар сатҳи баланд баргузор шудани он фаъолона иштирок намуда, саҳми худро баҳри рушди соҳа гузошта истодаанд. Аз ин ҷумла ҳайати котиботи техникии озмуни мазкур низ ҳоло аз олимони физикдони ҷавони институт иборат аст. Ин рӯзҳо бошад, бо иштироки котибони техникии озмун ва дастгирии зерсохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳои кишвар доир ба мушаххасоти омодагӣ ва тартиби гузаронидани даврҳои озмун семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуда истодааст.
Баъзе аксҳо аз ҷараёни семинари омӯзишӣ, ки бо дастгирӣ ва мусоидати сардори Раëсати маорифи в. Суғд Набизода Мадина Раҳмат ва директори Маркази тахсилоти иловагии вилоят Зикриддин Соҳибназаров дар Гимназияи рақами 1-и ш. Хуҷанд санаи 06.04.2023с. бо иштироки котиботи техникии озмун баргузор гардид: