Home Uncategorized МАЪЛУМОТ оид ба натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқоти лабораторияи физикаи атмосфераи институт вобаста ба чангу ғубори санаи 15.04.2023

МАЪЛУМОТ оид ба натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқоти лабораторияи физикаи атмосфераи институт вобаста ба чангу ғубори санаи 15.04.2023

by usto
МАЪЛУМОТ оид ба натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқоти лабораторияи физикаи атмосфераи институт вобаста ба чангу ғубори санаи 15.04.2023

Наздик ба ибтидои санаи 15 апрели соли 2023 ба фазои қисми маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе) «хокбориш» аз самти ҷануб ва ғарби кишвар ворид гардид. Тибқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров шурўъ аз 15 апрели соли 2023 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон «хокбориш» ворид гардид. Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рӯзи 16–уми апрели соли 2023 ибтидои масири чанг дар баландии 500м аз кишвари Яман (оғоз аз 8.04.2023) ба мушоҳида мерасад. Ин «хокбориш» фазои баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирифт. Баландии «хокбориш» дар шаҳри Душанбе то 6,5 километр ба қайд гирифта шуд.

МАСИРИ
тӯфонҳои чангу ғубор аз рӯйи маълумоти сомонаи HYSPLIT дар таърихи рӯзи 16.04.2023 барои ш.Душанбе

Барои муайян кардани масири баръаксии чангу ғубор тибқи маълумоти системаи HYSPLIT (Hybrid Single Particles Lagrangian Integrated Trajectory model), лабораторияи захираҳои атмосферии NOAA (National Oceanic and Atmospheric Administration,) [URL: http:// ready.arl.noaa.gov /HYSPLIT. php]  масири чангу ғубор, барои баландиҳои:

500 м – биёбонҳои қитъаи Африқо (кишвари Яман, Саҳрои Кабир) инчунин минтақаҳои биёбонии Эрону (Дашти Кабир ва дашти Лут) ва Афғонистон аст;

1500 м – баҳри Каспий, инчунин баъзе минтақаҳои биёбонии давлатҳои ҳамсоя мисли Туркманистон ва Ӯзбекистон;

2500 м – масир аз Аврупо ибтидо гирифта аз болои биёбонҳои Арабистон мегузарад.

Расми 1. Масири баръаксии чангу ғубор барои ш.Душанбе дар таърихи 16.04.2023.

Чӣ тавре, ки дар маълумот инъикос ёфтааст, манбаъҳои асосии тӯфонҳои чангу ғубор навобаста аз он, ки аз куҷо сарчашма мегирад, ҳамон нуқтаҳое, ба ҳисоб меравад, ки дар он масир паст фаромадааст (яъне ба сатҳи Замин фаромадааст) ва ин нуқтаҳо бештар ба минтақаҳои биёбонӣ рост меоянд (Расми 1). Графикаҳои Расми 2, ки бо таҷҳизоти таҳқиқоти лазерии атмосфера «Lidar-PollyNet» ҳосил шудааст, маълум мегардад, ки “хокбориш” дар ш.Душанбе баландии то 6,5 км-ро фаро гирифтааст.

Расми 2. Коэфисиенти парокандагии баръакс ва таносуби деполяризатсия бо баландӣ дар санаи 15.04.2022

Дар чунин рўзҳо ҳангоми дар фазои кушод будан истифода бурдани ниқобҳои муҳофизатӣ тавсия карда мешавад.

Эзоҳ: Таҳқиқот бо истифодабарии лабораторияи муосири таҳқиқи лазерии атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса), спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ Спектроскан-Макс-G (истеҳсоли Россия) ва истгоҳи омӯзиши сифати ҳаво (истеҳсоли ИМА), ба даст оварда шудааст.

0 comment

Related Articles