Home Uncategorized Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти тибби ҳастаӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия

Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти тибби ҳастаӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия

by usto
Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти тибби ҳастаӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия

Яке аз роҳҳои калидии рушди саноат – коркарди технологияи инноватсионӣ дар ҳамҷоягӣ бо татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ мебошад. Вобаста ба ин, ташкилоти бонуфузи кишварҳои ҷаҳон стратегияи фаъолияти худро ба таври доимӣ дар асоси натиҷаҳои нави илмӣ ва талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ менамоянд. Яке аз чунин ташкилот Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (China National Nuclear Corporation, CNNC) мебошад, ки фаъолияти худро самтҳои энергетикаи ҳастаӣ ва электроэнергияи сабз ба роҳ мондааст ва бузургтарин ташкилоти соҳавӣ дар ҶХХ мебошад. Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва CNNC санаи 04.05.2023 вобаста ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ташрифи намояндаи ин ташкилот ба институтҳои АМИТ доир гардид. Аз ҷумла, дар самти татбиқҳои амалии имкониятҳои тибби ҳастаии муосир (истеҳсоли радиофармпрепаратҳо барои табобати бемориҳои онкологӣ) ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (нури офтоб, шамол, энергияи геотермалӣ ва ғ.) вохӯрӣ бо имкониятҳо ва мутахассисони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров доир гардида, масъалаҳо вобаста ба амалӣ намудани потенсиали институт ва имкониятҳои CNNC бевосита мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Дар асоси масъалаҳои таҳлилшуда ояндаи наздик ташрифи ҳайати муҳандисону олимони ҶХХ барои оғоз намудани лоиҳаҳои муштарак пешбинӣ мешавад.

Баъзе аксҳо аз ҷараёни вохурии намояндаи Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин бо олимону мутахассисони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

0 comment

Related Articles