Home Uncategorized Ворид шудани технологияи муосири таҳлил ва мониторинги таркиби атмосфера ба озмоишгоҳи нави Институти физикаю техника

Ворид шудани технологияи муосири таҳлил ва мониторинги таркиби атмосфера ба озмоишгоҳи нави Институти физикаю техника

by usto
Ворид шудани технологияи муосири таҳлил ва мониторинги таркиби атмосфера ба озмоишгоҳи нави Институти физикаю техника

Тағйирёбии иқлим – яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир мебошад, ки саҳеҳ ва объективона таҳлил намудани равандҳои он барои тоза ва муътадил нигоҳ доштани муҳити зисти атроф, қабл аз ҳама ҳифзи саломатии шаҳрвандон муҳим мебошад.

Тағйирёбии иқлим асосан аз тағйирот дар атмосфера, равандҳои мухталифи дигар қисматҳои Замин ба монанди уқёнусҳо, пиряхҳо ва таъсироти марбут ба фаъолияти инсон вобаста аст. Ҳамчунин равандҳои беруна, ки ба иқлим таъсирти умумӣ ва дарозмуддати худро доранд, аз он ҷумла тағйироти радиатсияи офтоб ва мадори Замин мебошанд. Вале дар ҷаҳони имрӯза масъалаи тағйирёбии иқлим маъмулан нисбати тағйироти ҷории он, ки бевосита ба муҳити зисти инсоният таъсир мекунад, баррасӣ шуда истодааст. Аз ҷониби дигар, бояд зикр намуд, ки тағйирёбии иқлим бо сифати ҳаво низ алоқаманд аст, зеро пешгирии ифлосшавии ҳаво ба пешгирии тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

Масъалаҳои мазкур яке аз самтҳои таҳқиқоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки олимону мутахассисони он аз соли 1986 инҷониб бо таҳлил ва мониторинги таркиби атмосефера машғул мебошанд. Айни замон, бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳқиқоти равандҳои атмосферӣ институти мазкур бо якчанд марказҳои илмии хориҷии соҳа ҳамкорӣ намуда истодааст. Аз он ҷумла, соли 2019 дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Институти таҳқиқоти тропосферии Олмон ба кишвар лабораторияи муосири мониторинг ва таҳлили таркиби атмосфера ворид карда шуд. Аз он вақт инҷониб аэрозолҳои ба атмосфераи кишвар воридшуда бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва нурҳои лазерӣ, ки ба самти коинот равона аст, таҳқиқ мешаванд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бошад дар асоси ҳамкории Институти физикаю техника бо Коллеҷи илмҳои атмосферии Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишвар боз як комплекси муосири лаборатории таҳқиқоти таркиби атмосфера ворид карда шуд. Барои насб ва ба кор даровардани таҷҳизоти мазкур рӯзҳои наздик ташрифи олимону мутахассисони Донишгоҳи Ланчжоу ба Институти физикаю техника пешбинӣ мешавад. Дар нақша ҳаст, ки моҳи июн истгоҳи нави таҳқиқи таркиби атмосфера муҷаҳаз бо комплекси зондиронии фосилавии лазерӣ (Lidar PollyXT), фотометри офтобӣ, радар ва комплекси омузиши сифати ҳаво ба кор оғоз менамояд. Ҳамчун макони насби истгоҳи нав дар асоси таҳлили олимони институт дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроия ва дигар сохторҳои дахлдор мавзеи Айваҷи ноҳияи Шаҳритус муайян карда шуд. Макони мазкур бо дарназардошти динамикаи умумии ҷараёнҳои ҳавоии атмосфераи фазои кишвар ва аз ҷумла дар масири воридшавии хокборишҳо воқеъ будани он интихоб карда шудааст.

Ҳамин тавр, насби истгоҳи нави Институти физикаю техника, боз як қадами рушди имконияти технологии кишвар вобаста ба мониторинг ва таҳлили аэрозолҳои атмосферӣ ва сифати ҳаво мегардад. Бояд зикр намуд, ки иқдоми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки бевосита бо ташаббус ва аз ҷониби Сарвари кишвар эълон шудаанд амалӣ шуда истодааст.

БОЗНАШР АЗ МАВОДИ АМИТ “ХОВАР” АЗ САНАИ 21.05.2023:
https://khovar.tj/rus/2023/05/fiziko-tehnicheskij-institut-zapustit-eshhe-odin-sovremennyj-laboratornyj-kompleks-dlya-issledovaniya-atmosfery/

This image has an empty alt attribute; its file name is 7.png
This image has an empty alt attribute; its file name is 3-1.png
This image has an empty alt attribute; its file name is 1.jpeg
This image has an empty alt attribute; its file name is 5.png
0 comment

Related Articles