Home Uncategorized Раванди омода намудани кадрҳои илмӣ дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Раванди омода намудани кадрҳои илмӣ дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

by usto
Раванди омода намудани кадрҳои илмӣ дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рушди илму техника, аз он ҷумла омода намудани кадрҳои илмӣ яке аз ҷузъҳои меҳварии рушди устувори ҷомеаи мутамаддин мебошад. Илм ҳамчун омӯзиши мунтазами сохтор ва хосиятҳои воқеияти объективӣ тавассути мушоҳида ва озмоиш муайян карда шуда, калиди рушди саноатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва баланд баровардани сатҳи рақобатпазирии потенсиали кишвар мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвари мо дар ҷаҳони имрӯза дар пояи дониш бунёд намудани ҷомеаи пурқудрат мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи бунёдӣ, ба таври доимӣ баланд баровардани сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва касбияти олимони ҷавони рақобатпазир муҳим мебошад.

Вобаста ба ин дар институт барои кадрҳои ҷавони илмӣ, ки дорои донишҳои пурқуввати базавӣ, қобилияти баланди донишандӯзию пажуҳиши илмӣ ва ихтироъкорӣ, ҳиссиёти баланди бунёдкорӣ ва огоҳ аз маърифату эҳтироми баланди миллӣ мебошанд шароитҳои мувофиқ пешниҳод карда мешаванд. Аз ин ҷумла, таҳсили ройгон дар магистратура ва докторантура, ки бо идрори ҳармоҳа дастгирӣ мешавад, мунтазам ташкил намудани коромӯзиҳои илмӣ-таълимӣ дар марказҳои бонуфузи илмии кишварҳои ҷаҳон, таъмин намудан бо роҳбарони илмии дар соҳаи илму техника шинохта, имконияти пешниҳоди таҳқиқоти ҷамъбастшуда дар семинарҳои илмӣ ва ҷаласаҳои Шӯрои диссертатсионии назди институтро номбар намудан мумкин аст.

Солҳои қаблӣ як қатор олимони ҷавони институт мӯҳтавои асосии рисолаи илмии худро ҷамъбаст намуда, дар семинарҳои илми институт ва конференсияву чорабиниҳои илмии ҳам дохили кишвар ва ҳам марказҳои илмии хориҷӣ маъруза намуданд. Дар натиҷа ва раванди баҳсҳои илмӣ бандҳои асосии натиҷаҳои илмӣ ва навгониҳои пешниҳодкардаи онҳо боз ҳам мукаммал ва ба сатҳи зарурӣ мувофиқ гаштанд. Пас аз гузаштани чунин санҷишҳо ва ташхисҳои илмӣ, аз ҷониби олимони ҷавони институт, соли ҷорӣ як қатор рисолаҳои илмӣ ба маърази олимон пешниҳод шуд. Аз ин ҷумла, санаи 25 майи соли 2023 яке аз олимони ҷавони лабораторияи физикаи атмосфераи институт Шарипов С.Р. рисолаи худро таҳти унвони “Таркиби ионӣ ва карбонии аэрозолҳои атмосфераи ш.Душанбе” зери роҳбарии д.и.ф.м. мудири лабораторияи мазкур С.Ф.Абдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии назди институт бомуваффақият дифоъ намуд.

Ҳамин тавр дар давоми ним соли охир 3 нафар аз олимони институт рисолаи илми хешро бомуваффақият дифоъ намуда, илова ба ин як қатор пажуҳишгарони ҷавони институт дар арафаи дифоъ қарор доранд. Бо баробари он, унвонҷӯёну муҳассилони докторантураи назди институт фаъолона таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд. Итминони комил дорем, ки бо ташкили саҳеҳи фаъолият, меҳнати илмӣ, ихтироъкорию навгониҳои муосир ва омода намудани кадрҳои илмии болаёқату пурмасъулият рақобатпазирии мактабҳои миллии илмиро боз ҳам баланд бароварда, дар раванди ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи саноат ва иқтисодиёти кишвар бештару аёнтар саҳмгузор бошем.

0 comment

Related Articles