Яке аз анъанаҳои Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода намудани кадрҳои ҷавон – баргузории семинарҳои илмӣ бо иштироки олимони бурунмарзии тоҷик мебошад. Аз ҷумла, дар асоси мувофиқаи қаблӣ бо Донишгоҳи Уппсалаи кишвари Шветсия санаи 24 июли соли ҷорӣ дар семинари илмии институт муовини мудири шуъбаи ҳисоббарории илмии Департаменти технологияҳои иттилоотии ин донишгоҳ, доктор М.Назаров баромад намуд.
Мӯҳтавои маърӯзаи илмии М.Назаров ба яке аз масъалаҳои муҳими риёзиёти амалӣ, ки бевосита ба муаммоҳои муосири физикӣ алоқаманд мебошад бахшида шуда, доир ба моделсозии математикии хосиятҳои устувории таҷҳизоти тороидалии нигоҳдошти магнитии плазма (токамак) натиҷаҳои нави илмиро дар бар мегирад.
Баъзе аксҳо аз раванди маърӯзаи доктори Phd, (associate) профессори Донишгоҳи Уппсалаи кишвари Шветсия (шуъбаи ҳисоббарории илмии Департаменти технологияҳои иттилоотӣ) ва Донишгоҳи A&M штати Техаси ИМА Назаров М. дар мавзӯи “Регуляризатсияи часпакии муодилаҳои магнитгидродинамика”:
Адабиёт
1. Tuan Anh Dao, Murtazo Nazarov. Monolithic parabolic regularization of the MHD equations and entropy principles // Computer Methods in Applied Mechanics and Engineering Volume 398, 1 August 2022, 115269.