Чӣ тавре, ки қаблан қайд карда будем, 21 ноябри соли ҷорй ташрифи ҳайати олимон ва мутахассисони соҳаҳои физика, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон ва амнияти шабакаҳои Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсин (CQUPT)-и Ҷумҳурии Халкии Хитой ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни сафари мутахассисони хориҷӣ дар институт семинари васеъи илмӣ оид ба технологияҳои “Smart Mind”, “Super Vision”, истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳқиқи шабакаҳои коркарди оптикии маълумот, таҳияи маводҳо барои табдили интеллектуалии рушноӣ, таълими когнитивии бисёрсатҳӣ ва ғ. баргузор хоҳад шуд.
Бояд зикр намоем, ки дар ҷаҳони рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳимро таҳияи воситаҳои идоракунии коркарди ҳаҷми калони иттилоот ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки аз руйи маълумоти натиҷавии ҳосилшуда хулосаҳои оморӣ, пешгуии ҳолати минбаъда ва қабули қарорҳои саҳеҳ то ҳадди имкон дақиқ амалӣ гардад.
Дар ин радиф зеҳни сунъӣ ҳамчун системае, ки қодир аст муҳити худро дарк кунад ва бефосила бо коркарди саҳеҳу зеҳнии иттилоот машғул бошад барои ҳалли масъалаҳои бо додаҳои калон алоқаманд мақоми марказӣ дорад. Вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаҳои пешбари технологияҳои баланди ҷаҳони имрӯза барои рушди ҳамкориҳои созандаи илмӣ, ба роҳ мондани коркардҳои муштараки технологӣ ва ҷалб намудани ҷавонони кишвар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд.