Ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳаққиқи ҷавон, ходими илмии лабораторияи физикаи атмосфера – Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновнаро барои сазовор гардидан ба «Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2023» самимона табрик намуда, минбаъд низ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ натиҷаҳо ва муваффақиятҳои навро таманно доранд.
Ёдрас мешавем, ки бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Халифаева Ш.Х. санаи 05.01.2024 барои силсилаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба мавзӯи: «Таҳқиқоти таркиби унсурии аэрозоли атмосферӣ ва хоки Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ» ба «Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2023» сарфароз гардонида шудааст.
Халифаева Ш.Х. аз соли 2019 инҷониб ҳамчун корманд ва баъдан ҳамчун докторанти (PhD) ИФТ ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмию таҳқиқотӣ бурда, соли 2022 курси кӯтоҳмуддати таҷрибаомӯзиро дар Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси ш. Лейпсиги Олмон (TROPOS) низ гузаштааст. Дар зиёда аз даҳҳо конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ бо маърӯзаҳо иштирок намуда, ҳамчунин дар тарғибу ташфиқи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, махсусан аз ҷониби бонувон фаъол мебошад.