Home Uncategorized IХ-ум Конференсияи байналмилалии
«МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКА»

IХ-ум Конференсияи байналмилалии
«МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКА»

by usto

Ҳамкасбони гиромиқадр!
Шуморо барои иштирок дар кори IХ-ум Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», бахшида ба 60-солагии таъсисёбии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки
10-11 октябри соли 2024 баргузор мегардад, даъват менамоем.

Бахшҳои асосии конференсия
− Физикаи амалӣ ва назариявӣ, системаҳои динамикӣ
− Физикаи ҳолати конденсӣ, нанотехнологияҳо ва маводҳои нав
− Энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ
− Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
− Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
− Физикаи тиббӣ ва биологӣ

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Маводҳоро барои конференсия лутфан то 10 сентябри соли 2024 ба суроғаи электронии phti.tajikistan@gmail.com ирсол намоед
Макони баргузории конференсия:
ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1 – Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Телефонҳо барои маълумот:
А.Қ. Зарифзода – (+992)100004990
Ф. Холмуродов – (+992) 935153003
М.М. Каюмов – (+992) 934102317

Маълумоти иловагиро дар инҷо дастрас карда метавонед

0 comment

Related Articles