Home Uncategorized IХ-ум Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», бахшида ба 60-солагии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

IХ-ум Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», бахшида ба 60-солагии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

by usto
IХ-ум Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», бахшида ба 60-солагии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

          Санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академии миллии илмҳои Тоҷикистон IХ-ум Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика»-ро бахшида ба 60-солагии Институт баргузор намуд. Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон аз Институт, донишгоҳҳо ва институтҳои таҳқиқотии кишвар, ҳамчунин аз марказҳои илмии Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус ва кишварҳои дигар ба таври маҷозию шахсан иштирок намуданд.

          Кори конференсияро директори Институт Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон – доктори илмҳои физика ва математика оғоз намуда, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд. Мавсуф сараввал меҳмононро, ки аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварда буданд, хайрамақдам гуфта, аз таърих ва дастовардҳои Институт ёдовар шуданд.

Қайд карда шуд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвар ба илмҳои табиию техникӣ дар мадди аввал истодаасту ҷиҳати пурзӯр намудани таҳқиқотҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос беш аз пеш кӯшиш намудан лозим аст. Президенти АМИТ аз саҳми гузоштаи устодону олимони барҷастаи Институт, ба мисли академик С.У. Умаров, А.А. Адҳамов, Р. Маърупов, С.Одинаев ва дигарон ёдовар шуда, дастовардҳои Институтро, ки замони Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, номбар намуданд.

          Муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуданд, ки Институт айни замон фаъолияти илмию истеҳсолии худро ҷиҳати иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалии олимон ҷиҳати рушди илми ватанӣ, боло бурдани тафаккури илмиву техникии ҷомеа, сатҳи фарҳангу маънавиёти ҷавонони кишвар, ташаккули тафаккури зеҳнию ҳуқуқии мардум, дар руҳияи ватанпарвариву башардӯстӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани ҷомеа ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои илмӣ саҳми худро гузошта истодааст. Дар фарҷоми сухан Президенти Академия муҳаққиқони дохилию хориҷи кишварро ба ҳамкориҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои муосири физикаю техника ва гузаронидани конференсияву симпозиумҳо даъват намуда, ба кори конференсия барору муваффақият таманно намуданд.

          Дар идомаи конференсия мутахассисони дохилӣ, ҳамчунин меҳмонон: Чернышев Сергей Леонидович – роҳбари илмии Муассисаи федералии мухтори “Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи Н.Е. Жуковский”, ноиби Президнети Академияи илмҳои Русия, академики Академияи илмҳои Русия, Сыпало Кирилл Иванович – Директори генералии Муассисаи федералии мухтори “Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи Н.Е. Жуковский”, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, Шукринов Юрий Маҷнунович – Ходими пешбари илмии Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н.Н Боголюбови Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи Федератсияи Русия, Махманов Урол Қудратович – Мудири лабораторияи Оптика ва спектроскопияи Институти технологияҳои ионӣ-плазмавӣ ва лазерии ба номи У.А. Арифови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромадҳои илмӣ намуданд.

          Қисми дуюми конференсия дар толорҳои алоҳидаи Институт дар се бахш аз рӯи самтҳои:

  • Физикаи амалӣ ва назариявӣ, системаҳои динамикӣ;
  • Физикаи ҳолати конденсӣ, нанотехнологияҳо ва маводҳои нав;
  • Энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ;
  • Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо;
  • Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об;
  • Физикаи тиббӣ ва биологӣ

баргузор гашта, олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.

Рафти ифтитоҳ ва баргузории конференсия

This image has an empty alt attribute; its file name is 1-1-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 2-1-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 4-1-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 5-2-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 6-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 7-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 8-1024x682.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 9-1024x461.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 11.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 12-1024x461.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 14-1024x462.jpg
This image has an empty alt attribute; its file name is 16.jpg
0 comment

Related Articles