Ҳамкасбони гиромиқадр!
Шуморо барои иштирок дар кори X-ум Конференсияи илмии байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», бахшида ба 90-солагии академик Марупов Р.М., ки 20-21 ноябри соли 2026 баргузор мегардад, даъват менамоем.
Бахшҳои асосии конференсия
- Физикаи назариявӣ, моделсозии математикии системаҳои динамикӣ
- Физикаи ҳолати конденсӣ, нанотехнологияҳо ва маводҳои нав
- Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
- Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
- Физикаи тиббӣ ва биологӣ
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Маводҳоро барои конференсия лутфан то 10 ноябри соли 2026 ба суроғаи электронии phti.tajikistan@gmail.com ирсол намоед.
Макони баргузории конференсия:
ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1 – Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Телефонҳо барои тамос:
Р.С. Маҳмадбегов – (+992) 985016660,
М.М. Саидов – (+992) 981019102.
Маълумоти иловагиро аз ин ҷо дастрас карда метавонед.
