Home Акобир Адҳамов

Акобир Адҳамов

by usto
АКОБИР АДҲАМОВ

Акобир Адҳамович Адҳамов (1928-1992) – физики шӯравӣ ва тоҷик, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1968).  4 сентябри соли 1928 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ (1950) ва аспирантураро (1953) хатм кардааст.

Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин: мудири  кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ (1954-1956), декани факултети физика ва математика (1956-1958), проректор оид ба корҳои илмӣ (1958-1965).

Солҳои 1965-1992 директори Институти физика ва техникаи С. У. Умарови АИ ҶШС Точикистон. Дар як замон котиби калони илмии Президиуми Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965-1968), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физика, математика ва геология ва химия (1976-1984), ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1992).

Таҳти роҳбарии бевоситаи академик А.А. Адҳамов тамоми самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ташаккулёфтаистода дар Институти физикаю техника ба номи С. У. Умаров, ташкил карда шуданд. Академик А.А.Адҳамов кори Шӯъбаи физикаи назариявӣ ва лабораторияи акустикаи физикиро ташкил ва роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ лабораторияҳои маводҳои диэлектрикӣ, электроникаи квантӣ, технологияи криогенӣ ва озмоишгоҳи технологияҳои офтобӣ ташкил карда шуданд. Ӯ роҳбарии мавзӯҳои илмӣ-таҳқиқотии физикаи назариявӣ, масъалаҳои физикаи акустика ва физикаи маводҳои сегнетоэлектрикро ба зимма гирифта буд. Академик А.А.Адҳамов мутахассиси бузурги соҳаи физикаи назариявӣ буда, самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ дар соҳаи назарияи молекулавӣ-кинетикии газҳо ва моеъҳо, акустикаи молекулавӣ ва назарияи гузаришҳои фазавиро ташкил медоданд. Назарияи кинетикии ҷараёнҳои номувозинатии моеъҳо, аз ҷумла паҳншавии мавҷҳои ултрасадо дар моеъҳо, назарияи молекулавии хосиятҳои часпакӣ-чандирии моеъҳо ва назарияи фурӯбарии резонанси ултрасадо дар муҳити конденсӣ бо ташаббуси ӯ рушд намуданд. Назарияи кинетикии равандҳо ва зуҳуроти флуктуатсиони моеъҳоро дар назди нуқтаи критикӣ пешниҳод кард, хусусиятҳои термофизикӣ, динамикӣ ва оптикии кристаллҳои ноқис омӯхта шуданд. Ин корҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ дар соҳаи назарияи омори муҳитҳои конденсӣ ва акустикаи молекулавӣ барои рушди як қатор самтҳои таҳқиқоти назариявӣ дар мактаби назариячиҳои ташкил кардаи ӯ асосӣ буданд. Яке аз зумраи арбобони боистеъдоди мактаби физик-назариячиёни А.А.Адҳамов ба шумул мераванд: академик С.Одинаев, узви вобастаи АИҶТ Т.Х.Салихов, профессорон М.И.Салахутдинов, А.Асоев, В.И.Лебедев, А.Ашуров, номзадони илмҳои физика ва математика, дотсентон А. Абдурасулов, Ҳ.Насруллоев ва як қатор олимони дигар, ки ба рушди илми физика дар ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд. Академик А.А.Адҳамов яке аз ташкилкунандагони асосии илм дар Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии ӯ, Институти физика ва техника ба як маркази калони таҳқиқоти бунёдӣ табдил ёфта буд, ки бо асбобҳо ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, оид ба масъалаҳои гуногуни физикаи муосир тадқиқоти ҳамаҷонибаи физикӣ гузаронида мешуд. Таҳти роҳбарии ӯ институт оид ба ворид намудани дастовардҳои андешаҳои илмию техникӣ ба иқтисодиёти хоҷагии халқ корҳои зиёде анҷом дода, ба маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон табдил ёфт.