Home КӮҲҲОИ ПОМИР

КӮҲҲОИ ПОМИР

by usto

Қуллаҳои ниҳоят бузург ва пурасрори кӯҳҳои Помир, ки дар ҷангалзорҳои душворгузари Осиё раҳгум мезананд,  зеҳнҳоро тасхир мекунанд. Қуллаҳои тези он – фатҳнорас , дараҳои амиқи сангӣ – дастнорас ва роҳҳои пур печутоб ба сӯи абрҳо саркашида – беэътимод ба назар мерасанд. Қуллаҳои кӯҳӣ, ки ба сӯи осмон бардошта шудаанд, подшоҳони форс, Бохтари пурасрор ва аскарони Искандари Мақдуниро  ёд доранд. Тариқи роҳҳои кӯҳие, ки аз зери ҷариҳо мегузаранд, корвонҳо абрешими чинӣ, алмос ва ёқутҳоро, ки аз конҳои маҳаллӣ ба даст оварда буданд, мекашониданд. Имрӯз мо дар бораи Помир бештар медонем, аммо ҳамеша аз зебоӣ ва гуногунрангии он ба ҳайрат меоем. Дар ин ҷо рӯҳияи аҷибе дар ҳар як сайёҳ бедор мешавад. Пеш аз омӯзиши васеи Ҳимолой, маҳз Помирро “боми ҷаҳон” меномиданд. Дар атрофи он, кӯҳҳои азими Осиё чун ҳалқаи мустаҳкам пайваст шудаанд: Ҳимолой, Қарақорум, Ҳинду Куш, Ҳисор-Олой, Тян-Шан ва Кунлун. Кӯҳҳои Помир сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Хитой, Покистон ва Афғонистон аз ҳам ҷудо мекунанд.

Қаторкӯҳҳои баланди системаи кӯҳии Помир-Олой дар шимолу ғарб ба Помир ҳамҷавор буда, Помирро аз кӯҳҳои Ҳисор ҷудо мекунанд. Марвориди Помир-Олой кӯҳҳои Фон мебошанд, ки дар ҳамҷоягии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон ҷойгир буда, манзараи зебо дорад. Қаторкӯҳи Туркистон аз ҷанубу ғарб водии Фарғонаро ҳифз мекунад. Сарҳадҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз он мегузарад. Ин минтақаҳои санглохи кам омӯхташударо бо Патагонияи Амрикои Ҷанубӣ муқоиса мекунанд ва қайд мекунанд, ки фазои маҳаллӣ гармтар ва хуштар аст ва инчунин бо Йосемити Амрико қиёс мекунанд, аммо  калонтар ва баландтар буданашро эътироф мекунанд.

Дар шарқ, дар гиреҳи кӯҳии Мастчоҳ қаторкӯҳи Туркистон бо қаторкӯҳи Олой мепайвандад ва дар ғарб ба ҳамвории Самарқанд такя мекунад. Нишебиҳои  шимолӣ ба ҷангалҳои арчазор фурӯ мераванд. Ба воситаи ағбаи Шаҳристон (3378 м) роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мегузарад. шудааст. Пиряхҳои Толстой, Шуровский ва Зарафшон ба қатори калонтаринҳо шомил  мебошанд.

Ҳамасола сайёҳон  ба ин ҷо ташриф меоранд. Дараи Лайлак  ва Каравшин босуръат рушд ёфта истодааст. Дараи Лайляк (Аксу) заминаи хубест барои  кӯҳнавардӣ, чунки роҳҳои душворгузари сангӣ дорад.  Қуллаи баландтарини он Пирамидамонанд (5509 м) мебошад. Маҳз ҳамин қулла ва қуллаҳои Ҳасан ва Ҳусейн диққати кӯҳнавардонро дар ин қаторкӯҳ,  ба худ ҷалб мекунанд. Сокинони маҳаллӣ дар бораи сангҳои Ҳасан ва Ҳусейн як ривояти зебое нақл мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар наздикии қуллаҳо як марди пир бо ду писари дугоникаш зиндагӣ мекард. Ӯ онҳоро хеле дӯст медошт, аммо нисбаташон  сахтгир ва бодиққат буд – ӯ ҷанговаронро тарбия мекард. Қаҳрамонон ба камол расида,  аммо дар ҷанг ҳалок гаштанд. Вақте ки муйсафед аз марги онҳо хабардор гашт, ба  ғаму андӯҳ гирифтор шуд ва ба замин афтода, аз Худо хоҳиш кард, ки солҳои боқимондаи умрашро барои зиндагии писаронаш иваз кунад. Дуои ӯ шунида шуда, қуллаҳои бузургҷуссаи калон аз замин бархостанд. Аз он вақт инҷониб, ду қулла дар муқобили ҳамдигар дар болооби дарёи Каравшин ба монанди ин дугоникҳо ном гирифта мешаванд – Ҳасан ва Ҳусейн.

На границе Алайского, Заалайского, Гиссарского, хребтов и Памира находится удивительная Алайская долина. Это пояс высоких трав и сочных пастбищ, зажатый, кажется, в самом сердце неприступной горной страны. Алайская долина – царство контрастов: за плоскими лугами встают каменные стены гор, суровые ледники оканчиваются жемчужинами кристальных озер. Она дает передышку путникам перед дорогой к убеленным вершинам Заалайского и Алайского хребтов, Центрального Памира. Здесь проходит дорога из киргизского Оша в таджикский Хорог, а через перевал Иркештам ведет путь в Кашгарские горы в Китае.

Северные и южные отроги Алайского хребта создают широкую сеть долин и ущелий. Благодаря этому команды альпинистов и группы любителей активного туризма могут легко выбрать наиболее подходящий горный маршрут, исходя из подготовки и опыта. На востоке долины широкие, в западной и южной части района – узкие. Предгорья – жаркие и сухие. Долины покрыты разнообразной зеленью. В низовьях растет вишня и урюк, выше встречаются тугаи, березовые рощи и заросли арчи. Под защитой горных пиков деревья вырастают до внушительных размеров. Дар сарҳади қаторкӯҳҳои Олой,  Ҳисор ва Помир водии аҷиби Олой вуҷуд дорад. Ин камаре аз алафҳои баланд ва чарогоҳҳои хушманзара аст, ба назар чунин менамояд, ки дар қалби кишвари бебозгашти кӯҳистон аст. Водии Олой хеле гуногунранг аст: аз паси ҳамвориҳо, деворҳои сангии кӯҳӣ қад мекашанд, пиряхҳо бо кӯлҳои булӯриву марворидранг сарҳад доранд. Он ба сайёҳон пеш аз баромадан ба қуллаҳои осмонбӯси  Транс Алай ва Олой, Помири Марказӣ барои нафаси сабук кашидан имкон медиҳад. Аз инҷо роҳ аз Оши Қирғизистон ба Хоруғии Тоҷикистон  мегузарад ва тавассути ағбаи Иркештам ба сӯи кӯҳҳои Қашғари Чин мебарад.

Шохаҳои шимол ва ҷануби қаторкӯҳи Олой шабакаи васеи водиҳо ва дарҳоро ташкил медиҳанд. Дар шарқ, водиҳо васеъ ва дар ғарб ва ҷануби минтақа – танг мебошанд. Доманакӯҳҳо гарм ва хушк ҳастанд. Водиҳо бо сабзаҳои гуногунранг фаро гирифта шудаанд. Дар қишлоқҳои поёнӣ гелос ва зардолу мерӯянд, баландтар тугайҳо, боғҳои тӯс ва теппаҳои арчазор мавҷуданд. Дар зери қуллаҳои кӯҳӣ дарахтон ба андозаҳои баланд қад мекашанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ (дар замонҳои гуногун номи қуллаи Сталин ва Коммунизмро дошт) (7495 м) қуллаи ҷолибтарин ва машҳуртарини Помири шимолу ғарбӣ мебошад. Он баландтарин нуқтаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва имрӯза Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Аввалинбор  ба қулла соли 1928 аъзои экспедитсияи илмии Шӯравӣ –  Олмонӣ баромадаанд. То соли 1962 он қуллаи Сталин номида шуд ва пас аз он ба қуллаи Коммунизм номгузорӣ карда шуд. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, соли 1999 ба шарафи асосгузори аввалин давлати тоҷикон қуллаи Исмоили Сомонӣ ном гирифта шуд. Сокинони маҳаллӣ қулларо “уз-терги”, меноманд. Қуллаи ҳамеша барфпӯш  дар чорроҳаи Академияи илмҳо ва Петри I ҷой гирифтааст ва имрӯз он дар байни 50 баландтарин кӯҳҳои ҷаҳон ҷойгир гирифтааст.

Муддати тӯлонӣ Кӯҳҳои Помир манбаи лаъл ва ёқут барои тамоми ҷаҳони қадим буданд. Ганҷҳои маҳаллӣ ҳатто дар мақбараҳои фиръавнҳои Миср ёфт шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳаёти помириёни қадим то асри II пеш аз милод аз сиёсати ҷаҳонӣ хеле дур буд.  Маҳз дар ҳамон вақт корвонҳои Хитой ва Ҳиндустон аз водии Панҷ ба шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва сипас ба Баҳри Миёназамин мерафтанд.  Аз ҷо қисми ҷанубии Роҳи бузурги абрешим мегузарад. Аввалин маълумотҳои хаттӣ дар бораи Помир дар солномаҳои қадимаи Хитой пайдо шуданд. Помир ҷаҳони аҷиб ва пурасрорест. Макони беҳтарин барои дӯстдорони саёҳат дар  Осиё, барои кӯҳнавардӣ ва этносайёҳӣ. Он бо афсонаҳо ва урфу анъанаҳои сершуморе машҳури ҷаҳон аст, ки то абад дар ин макон боқӣ хоҳанд монд.