Home Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»

by usto

Замимаи 1
ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,
№АП- 44

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Илм-фурӯғи маърифат»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.

2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

3. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

– математика (арифметика, алгебра, геометрия);
– физика ва астрономия;
– химия;
– биология (ботаника, зоология, анатомия);
– география;
– технологияи иттилоотӣ;
– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.

6. Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ «Ховар», нашрияҳои давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ роҳбарони онҳо масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

9. Барои гузаронидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» комиссия таъсис дода мешавад.

10. Ваколати комиссияи озмун:

– таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
– тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
– пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;
– гузаронидани семинари машваратӣ барои ҳайати ҳакамон;
– назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
– омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;
– баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
-тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

– даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;
– даври дуюм – моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
– даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе;
– даври чорум – даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм то 25-уми ноябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

13. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

14. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вогузор карда мешавад.

15. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш мегарданд.

 16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 10-уми моҳи ноябр муқаррар карда мешавад.

 17. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад.

18. Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио масъули раванди гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври чоруми озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

19. Дар озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантҳои ҳабилитат), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

20. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

21. Довталаб 10 рӯз пеш аз оғози озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд:

– тарҷумаи ҳол;
– маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил;
– маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).

22. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суроға ва ҷойи баргузории озмунро барои довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.

23. Барандаи Шоҳҷоиза ва шахсоне, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, то се сол ҳуқуқи ширкат дар озмунро надоранд.

24. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;
– нусхаи патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ;
– номгӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти ихтироъшуда;
– пешниҳодҳои хусусияти навоваридошта;
– протоколи даври сеюми озмун.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

25. Донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад.

26. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.

7. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

27. Вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои озмун дар шакли зерин сурат мегирад:

– дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;
– дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;
– дар химия 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;
– дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;
– дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;
– дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;
– дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ.

28. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмун ҷадвали 10-хола муқаррар карда шуда, ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

– барои ба пуррагӣ ҷавоб додан ба саволҳои назариявӣ, дуруст пешниҳод намудани қонуну қоидаҳо, назарияҳо, теорема ва аксиомаҳо, моҳияти ҳодисаҳои табиат, дуруст ҳал кардани мисолу масъалаҳо, пурра анҷом додани корҳои озмоишӣ – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол, барои ҷавоби заиф – 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад;

– барои ихтироъкорон 10 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент (ё шаҳодатномаи муаллифӣ) – и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардида, дар он элементҳои навоварӣ мавҷуд бошад. Баҳои 8 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки дар он хусусиятҳои навоварӣ мавҷуд аст, имкони дар истеҳсолот ҷорӣ шуданро дорад, вале бо патент тасдиқи худро наёфтааст. 6 хол барои ихтирооте дода мешавад, ки дар он унсурҳои навоварӣ ҷой доранд, 4 хол барои сохтани конструксияҳои муайян, ки унсурҳои навоварӣ надорад, дода мешавад. Барои намунаҳои дастовардҳои аллакай мавҷуда 2 хол дода мешавад;

– барои ҷавоби пурра додан ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо пурра ҳал намояд ва пешниҳоди натиҷаҳои саҳеҳ 10 хол дода мешавад. Барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд, – 8 хол, барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд – 6 хол, барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барнома – 4 хол, барои ҷавобҳо танҳо ба саволҳои назариявӣ – 2 хол дода мешавад.

8. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ВА ҲАКАМОНИ ОЗМУН

29. Ҳайати комиссия бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян месозад.

30. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд ва онҳо корҳои зеринро иҷро мекунанд:

– тибқи пешниҳоди комиссияи озмун донишу истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;
– холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;
– натиҷаи озмун дар протокол дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

31. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

32. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

33. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад.

34. Комиссия натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. 

9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

35. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

36. Агар барандаи Шоҳҷоиза намоянда аз табақаҳои касбу кори гуногун бошад, бо пешниҳоди комиссияи ҷумҳуриявии озмун бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида мешавад.

10. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

37. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

38. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорону волидони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

39. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро дар даврҳои якум, дуюм ва сеюм тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

40. Ба ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

 41. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо, ҷалби сарпарастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

­­­43. Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Академияи миллии илмҳо таҳия ва тасдиқ менамояд.

44. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

45. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мегарданд.

11. ИМТИЁЗҲО

46. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони давраи чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот муайян менамояд.

47. Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.