Узви вобастаи АИҶТ Муминов Ҳ. Ҳ.

Аз соли 2006 то ба имрўз директори институт доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Ҳалимович Муминов - мутахассиси шинохта дар соҳаи физикаи математикии ғайрихаттӣ ва назарияи муҳитҳои конденсӣ мебошад. Аз тарафи ў аппарати математикии ҳолатҳои умумишудаи когерентӣ барои қиматҳои олии спин кор карда баромада шудааст, ки имконияти ҳосил намудани шарҳи квазикласссикии системаҳои спинии квантиро бо назардошти ошўби майдонҳои мултиполӣ (бисёрқутбӣ) медиҳад, дар ин асос як қатор муодилаҳои ғайрихаттӣ ба даст оварда шуданд, ки шарҳи динамикаи магнитнокшавиро бо назардошти майдонҳои мултиполӣ дар ферро- ва антиферромагнетикҳо бо қимати спинии 1 ва 3/2 имконият медиҳад, ки ба муодилаи маъмули Ландау-Лифшитс оварда намешаванд. Назарияи фазаи геометрии Берри барои қиматҳои олии спинӣ тартиб дода шуда, дар ин асос назарияи гузаришҳои нақбӣ дар наномолекулаҳои магнетик кор карда баромада шудааст. Ҳаллҳои нави динамикӣ ва топологии (якчена ва дучена) сигма-модели вектории ғайрихатии назарияи майдон ба даст оварда ва тадқиқ шуданд.

Тел: (992-37)2258092 (офис), 992-91-9042476 (мобили)

Факс: (992-37)2257914

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript