Академик С.О. Одинаев

Аз соли 1999 то 2001 вазифаи сарвари институтро доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академик Саидмуҳамад Одинаевич Одинаев - мутахассиси варзида дар соҳаи назарияи молекулӣ-кинетикии моеъҳо, дар ўҳда дошт. Аз тарафи ў назарияи релаксатсияи сохтории моеъҳои классикӣ, татбиқи он дар тадқиқи электролитҳо, моеъҳои магнитӣ ва дигар намудҳои моеъҳои классикӣ кор карда баромада шудааст. Академик С.О.Одинаев саҳми назаррасро дар омодасозии кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст, таҳти роҳбарии ў як қатор рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя шуданд. С.О.Одинаев саҳми назаррасро дар тараққиёти мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузошта, минбаъд вазифаи сарвари Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – манбаъи асосии кадрҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникиро иҷро кардааст. Бо шарофати фаъолияти ў алоқаи институт бо мактабҳои олии ҷумҳурӣ рушд ёфта, падидаи неки афзуншавии ҷараёни омадани мутахассисони ҷавон ба илми академӣ аён гашт. Дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳо академик С.О.Одинаев кори хеле мураккаби ташкили татбиқи дастовардҳои илм ва техникаро дар корхонаҳои саноатии шахри Душанбе бурда истода, ҳамзамон барои эҳтиёҷоти ҳаррўзаи институтҳои Шўъбаи илмҳои физикаву математика, кимиё, геология ва техника доимо аҳамияти хоса медиҳад.