Тадқиқотҳо дар самти «Масъалаҳои физикӣ-техникии энергетика» ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия бахшида шудаанд, ки афзалияти муҳими онҳоро номаҳдудӣ ва тозагии экологӣ ташкил медиҳад. Масъалаҳои асосии тадқиқшаванда дар инҷо бо кор карда баромадани элементҳо, таҷҳизотҳо ва принсипҳои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (гелиотаҷҳизот барои табдилдиҳии энергияи офтоб ба энергияи гармӣ ва электрикӣ, мини-нерўгоҳи барқӣ, таҷҳизотҳои биогазофикатсионӣ, таҷҳизотҳои энергетикаи шамолӣ ва ғ.), баҳодиҳии потенсиалӣ манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ва самаранокии иқтисодии истифодабарии онҳо алоқаманд аст. (академик Ҳ.М.Ахмедов, Қ.Кабутов).

Аз рўи барномаи Давлатии «Барномаи комплексии мақсаднок доир ба истифодабарии васеъи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015» Маркази омўзиш ва тадқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия иҷрокунандаи асосӣ ва корординатори корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.

Ҳамҷоя бо MSDSP Фонди Оғо Хон (бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо) лоиҳаи TACIS-ILCA-2009 ва 2010 «Истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар манотиқи кўҳӣ» иҷро шуд. Мўхлати иҷроиш солҳои 2009-2010. Лоиҳаҳо дар 3 ноҳия амалӣ гаштанд: Мўминобод, Шўрообод ва Ховалинг.