Лабораторияи электроникаи квантӣ, соли 1971 ташкил шудааст, масаъалаҳои ҳосилкунӣ ва истифодабарии афканиши лазерии нимноқилҳоро кор карда мебарояд;

     Дар самти «Электроникаи квантӣ» тадқиқотҳо доир ба коркарди лазерҳои инжексионии нимноқилӣ (И.Исмоилов), ташхиси лазерӣ ва биостимулятсияи лазерӣ, омўзиши фраксияҳои сафеда бо методи ИК-спектроскопия, ки аз организмҳои бемор ва сиҳат ҷудо шудаанд гузаронида мешаванд, инчунин тадқиқоти нурафканҳои нимноқилӣ ва табдилдиҳандагони энергияи офтобӣ дар асоси пайвастҳои А111 ВV, ки метавонанд татбиқи васеи худро дар тиб дарёфт намоянд ва алакай пайдо карда истодаанд. Як қатор пешниҳодҳои олимони мо ҳамҷоя бо кормандони соҳаи тиб бо патентҳо қайд шудаанд.

Натиҷаҳои муҳим дар соҳаи акустикаи физикӣ ва техникӣ ба даст оварда шуданд, аз ҷумла методи фотоакустикии назорати вайроннакунандаи санҷиши ҷисми сахт ва объектҳои биологӣ кор карда баромада шуд.

Технологияи ба даст овардани сохтори мутахалхал дар сатҳи пластинаи фосфиди индий, ҳангоми равонкунии омезиши электрокимиёвӣ кор карда баромада шуд, ки имконияти ба даст овардани нанонаворҳои мутахалхалро медиҳад.  Технологияи ба даст овардани чунин сохтораҳо методи равонкунии омезиши электрокимиёвиро, ҳамчун методи нисбатан оддӣ ва камхарҷ ба қатори методҳои амалии нанотехнология дар микроэлектроникаи нимноқилӣ мебарорад. Самти мазкур гузаришҳои р-п ва гетерогузаришҳо, тартибдиҳии структураҳои нимноқилии серқабата ва мутахалхалро бо мақсади сохтани гетеролазерҳо ва табдилдиҳандагони энергияи офтобӣ дар бар мегирад (И.Исмоилов).