Home Uncategorized Маълумоти таҳлилӣ оид ба хокбориши санаҳои 19-20 июли соли 2023

Маълумоти таҳлилӣ оид ба хокбориши санаҳои 19-20 июли соли 2023

by usto
Маълумоти таҳлилӣ оид ба хокбориши санаҳои 19-20 июли соли 2023

Тибқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 14 июл пайдарпай 2 маротиба зиёд шудани нишондиҳандаҳои “хокбориш” мушоҳида мешавад, ки мавҷи дуюми он шурўъ аз 17 июли соли 2023 соати 06:00 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, шуруъ аз санаи 19 июл авҷ гаштаст (расмҳои 1–3). Мувофиқи маълумоти таҳлилӣ (расмҳои 4–8), масири туфонҳои чангӣ, барои баландиҳои: 500м, 1000 м ва 1500м – аз биёбони Аралқуми баҳри хушки Арал, биёбонҳои Қизилқум ва Қароқум дар шарқи баҳри Каспий мегузарад. Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 3.8 километр ба қайд гирифта шуд.

Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнин – арсен ва синк ба миқдори наздик ба қимати миёна ва унсурҳои дигар, ба монанди сурб, мис, никел, кобалт ва ғайра (ҳамагӣ 10 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд.

Давомоти хокбориш 1-2 рӯз пешбинӣ мешавад. Дар чунин рўзҳо ба нафароне, ки ба бемориҳои қалб, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар хона қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

Расми 1. Динамикаи ғафсии оптикии атмосфера дар моҳи июли 2023
Расми 2. Динамикаи ғафсии оптикии атмосфера дар санаи 17.07.2023
Расми 3. Динамикаи ғафсии оптикии атмосфера дар санаи 20.07. 2023

Масири туфонҳои чангу ғубор аз рӯйи маълумоти сомонаи HYSPLIT дар таърихи рӯзи 16 – 20 июли соли 2023 ба самти Душанбе

Барои муайян кардани масири баръаксии олудагии атмосфера маълумот аз системаи HYSPLIT (Hybrid Single Particles Lagrangian Integrated Trajectory model)-и лабораторияи захираҳои атмосферии NOAA (National Oceanic and Atmospheric Administration) [URL: http:// ready.arl.noaa.gov/HYSPLIT.php] гирифта шуд.

Расми 4. Масири баръаксии чангу ғубор барои Душанбе дар санаи 16.07.2023
Расми 5. Масири баръаксии чангу ғубор барои Душанбе дар санаи 20.07.2023

Чи тавре, ки дар ҳисоботҳои қаблӣ ёдрас карда будем, манбаъҳои асосии тӯфонҳои чангу ғубор навобаста аз он, ки аз куҷо сарчашма мегиранд, ҳамон нуқтаҳое, ба ҳисоб мераванд, ки дар он масир паст (ба сатҳи Замин) фаромадааст ва ин нуқтаҳо бештар ба минтақаҳои биёбонӣ рост меоянд (ниг. ба расмҳои 4-5). Масири асосии воридшавии хокбориш ба кишвар дар расмҳои 6-7 инъикос ёфтааст.

Расми 6. Масири баръаксии чангу ғубор дар самти ш.Душанбе дар санаҳои 17 – 18 июли соли 2023
Расми 7. Масири баръаксии чангу ғубор дар самти ш.Душанбе дар санаҳои 19 – 20 июли соли 2023
0 comment

Related Articles