Home Таҳқиқоти илмии лабораторияи электроникаи квантӣ

Таҳқиқоти илмии лабораторияи электроникаи квантӣ

by usto

ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИИ ДАР ЛАБОРАТОРИЯ АМАЛИШАВАНДА

Кормандони лабораторияи электроникаи квантӣ корҳои таҳқиқотиро оид ба маънидодкунии назариявӣ ва истифодаи амалии усулҳои оптималии раванди технологии ҳосил намудани сохторҳои ковокидори нав, бо роҳи коркарди анодии электрокимиёии булурҳои нимноқилӣ, бо мақсади дар заминаи онҳо сохтани диодҳои равшанидиҳанда, лазерҳои инҷексионӣ, фототабдилдиҳакҳои офтобӣ, ва ҳассосакҳои гуногуни баландманфиат, баргузор менамоянд. Коркарди анодии электрокимиёии булурҳои нимноқилӣ ба ҳосил шудани сохторҳои микроковокидор меорад, ки куллан хосиятҳои электрикӣ ва афканишоти дастгоҳҳои квантии марбутаро тағйир медиҳад.

Дар мисоли булурҳои фосфиди индий ва арсениди галлий, ки маводҳои пурмаҳсули электроникаи нимноқилӣ ба шумор мераванд, муайян карда шуд, ки бо афзудани дараҷаи ковокинокӣ дар сатҳи ин пайвастагиҳо, бузургии паҳноии оптикии минтақаи мамнуъи онҳо тадриҷан афзуда, ҳаракати барандагони зарядҳо зуд коста мешавад. Ин имкон медиҳад, ки диапазони спектралии электроникаи люминессентӣ васеъ кунонда шуда дар ин асос диодҳои равшанидиҳанда, лазерҳои баландманфиат сохта шаванд. Ин ҷо сухан дар бораи тағйирёбии маҳдудияти фазогии барандагони заряд дар ҳама гуна ченакҳо меравад, ки бо квантоникунонии андозавӣ дар нимноқилҳо вобаста буда, дар ин ҷо такмилкунонии маводи корӣ баръало ба назар мерасад. Гузашта аз ин, нишондиҳандагони электронии ниҳоии маводи корӣ, ки бо вақти рекомбинатсияи афканишотӣ, вақти релаксатсияи энергетикӣ ва Оже-рекомбинатсия миёни зерқабатҳои электронӣ муайян мегарданд, ҳамчунин аз андозаҳои геометрии нуқтаҳои квантӣ хеле вобастаанд, ки шумораашон аз дараҷаи ковокинокии асоси нимноқилӣ вобастаги дорад.

Дар ҳолати диодҳои лазерӣ ин тағйиротҳои микроскопӣ аслан дар натиҷаи генератсияи гармоникаи дуввум аз ҳисоби майдони пурқуввати худии афканишоти когерентӣ дар дохил ва замшавии люминессенсияи иловагӣ аз ҳисоби микроковокиҳои ба таври сунъӣ сохташуда, амалӣ мегарданд. Ба ин ҳамчунин афзудани коэффисиенти фурӯбарӣ дар нимноқилҳои таҳқиқшаванда бо энергияи фотонҳои тақрибан ба бузургии дукаратаи минтақаи мамнуъ баробар, мусоидат мекунад. Гармоникаи дуввум бояд дар p-n гузариш дар қабати ғафсиаш таи 100 Ǻ, ки бевосита ба оинаи резонатор расида меистад, пайдо шавад. Яъне дар диодҳои равшанидиҳанда аз оинаи резонатор, ки бо қабати наноковокидор пӯшида шудааст, афканишоти доманадори бевосита мушоҳида мешавад, ки аз болоиҳамшавии қабатҳои афканишоти худии p-n гузариш, гармоникаи дуввуми афканишоти p-n гузариш бо дарозии мавҷи максималӣ таи 450 нм ва фотолюминессенсияи иловагии булури нимноқилии ташаккулёфта иборат мебошад. Дар натиҷа аз оинаи муқобилистода афканишоти лазерии хеле пурқуввати дорои ҳудуди баланди генератсия хуруҷ мешавад. Ҳамин тавр, ҳодисаи бавуҷудоӣ ё ба таври сунъӣ ҳосил намудани наносохторҳо имкон медиҳад, ки дар ин асос технологияи нави коркарди маводҳои нимноқилӣ барои опто- ва микроэлектроникаи насли нав замина гузошта шавад.

Пойгоҳи таҷрибавии лабораторияро дастгоҳҳои спектралии гуногун барои омӯхтани люминессентсия ва масс-спектрометрҳо барои таҳқиқҳои сифатию миқдории таркиби элементии маводҳо ташкил медиҳанд.

РОБИТАҲОИ ИЛМӢ

Лабораторияи электроникаи квантӣ бо олимони Федератсияи Россия (ФИАН ФР ш. Москва, С-пГУ ш. Санкт-Петербург, ОГУ ба номи Ф.М.Достоевский, ш. Омск, СамГУ ба номи. С.П. Королёв ш. Самара, МГУ ш. Москва, Донишгоҳи Екатеринбург) ва бо олимони хориҷи дур низ робитаҳои ҳамкорӣ дорад.